Толибҷон Маҳмудов
Маҳмудов Толибҷон (тав. соли 1934, ноҳияи Куйбишеви ҶШС Ӯзбекистон) — физикдони тоҷик, номзади илмҳои физика-математика (1968), дотсент (1975).
Таърихи таваллуд | 1934[1] |
---|---|
Зодгоҳ |
Зиндагинома
вироишСоли 1958 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1958–1961 ассистенти кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи номбурда, 1961– 1964 аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1964–1969 муаллими калони кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1969– 1977 мудири кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1977–1984 дотсенти кафедраи мазкур буд. Дар давоми фаъолияти омӯзгориаш дар тарбияи ҳазорҳо мутахассисон саҳми калон гузоштааст. Соли 1984 ба кафедраи методикаи таълими физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории ш. Қӯқанд ба кор гузаштааст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ аст, ки дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ нашр шудаанд. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.