Тоҳир Ҷобирзода

Тоҳир Ҷобирзода (Ҷобирзода Тоҳир Гул; зод. 12 июни 1964, Қӯрғонтеппа) — иқтисоддон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V.

Тоҳир Ҷобирзода
Таърихи таваллуд 12 июн 1964(1964-06-12) (58 сол)
Зодгоҳ

ЗиндагиномаВироиш

Тоҳир Ҷобирзода 12 июни соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1971—1981 мактаби миёнаи № 9-и ноҳияи Бохтар ва факултети баҳисобгирии иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1985 хатм намудааст[1].

Оиладор. Соҳиби чор фарзанд мебошад.

КорномаВироиш

Соли 1985 тибқи тақсимоти давлатӣ дар шуъбаи молияи вилояти Хатлон ба кор қабул гардида, солҳои 1985—1987 ба ҳайси иқтисодчии калони ҳамин шуъба фаъолият намудааст.

Соли 1987 назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин мешавад. Аз соли 1989 то соли 1994 мутахассиси дараҷаи 1-уми Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва солҳои 1994—2001 дар вазифаи ҷонишини сардори Раёсати назорати давлатии молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят фаъолият намудааст.

Соли 2001 муовини сардори Идораи дар вилояти Хатлонбудаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 сардори Идораи назорати истифодабарии амволи давлатӣ, инвеститсия ва қарзҳои давлатии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007 сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Моҳи январи соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

ҶаозаҳоВироиш

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 августи соли 2010 бо ордени «Шараф дараҷаи 1», инчунин мукофотҳои соҳавии «Аълочии мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» (соли 2013) ва «Аълочии полисияи молиявии Ҷумҳурии Беларус» (соли 2013) қадрдонӣ шудааст.

ЭзоҳВироиш

  1. Далер Мерганов. Поквиҷдонӣ ва оштинопазирӣ бо зуҳуроти манфии ҷомеа ӯро соҳибэҳтиром кардаанд. Садои мардум. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.