Тоҷиддин Раҳимов (тав.соли 1979, деҳаи Ноҷӣ, ноҳияи Ҳисор), сароянда. Баъди хатми мактаби ҳамагонӣ таҳсилро дар фак. мусиқии тоҷики ДДСТ ба номи М.Турсунзода идома дода (1996), онро с. 2000 бо ихтисоси сароянда (муаллимаш Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Музаффар Муҳиддинов) хатм намудааст. Аз с. 2000 то имрӯз дар ансамбли давлатии мақомхонони ба номи Ф.Шаҳобови Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶТ ба сифати сароянда хидмат менамояд. Р. шохаи овозии мақомҳо «Уфари Муғулчаи Наво», «Талқинчаи Сабо», «Соқиномаи Савти Сарвиноз», «Мустаҳзоди Наво», «Сарахбори Дугоҳ», «Ҳусайнӣ» ва ғайраро рангину муассир иҷро намуда ва сабт кардааст. Ӯ барандаи озмунҳои мусиқии бачагону наврасон (Душанбе, 1993 ) буда, иштирокчии рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия (Москва, 2005), Франсия (Париж, 2005), Қирғизистон (Бишкек, 2004) аст. Инчунин дониши иҷроияшро ба гурӯҳи бачагони мақомхони Академияи мақоми ҶТ меомӯзонад. Ад.: Таджикская музыка, Душанбе 2003; Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни XX, Хуҷанд, 2006. Ҳолномаи Раҳимов Т., Донишномаи «Шашмақом», Д. 2009. [1]

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 464