Тоҷиксодиротбонк
Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» — мувофиқи қарори муассисон аз 20 марти соли 1992 таъсис дода шудааст.
ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» | |
| |
Соли таъсис | 1992 |
Афроди калидӣ | Тоҷиддин Пирзода |
Вебгоҳ | tsb.tj |
Мувофиқи Қарори Шӯрои Олии ҶТ «Дар бораи таъсиси Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷидоштаи ҶТ» аз 11 марти соли 1992, дар асоси филиали Бонки иқтисодии хориҷии ИҶШС, Бонки саҳомию тиҷоратии хориҷии ҶТ «Таджиквнешэкономбанк» таъсис ёфта буд.
Бонки саҳомию тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷидоштаи ҶТ мувофиқи қарори Девони Вазирони ҶТ аз 12 декабри соли 1993 бо номи Бонки Давлатии Саҳомии Тиҷоратии фаъолияти хориҷидоштаи ҶТ «Таджиквнешэкономбанк» тағйири ном карда шуд.
Оинномаи Бонк бо номи нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 6 16 июни соли 1999 ба қайд гирифта шуд (дар таҳрири нав 4 апрели соли 2000 дар БМТ аз нав ба қайд гирифта шуд), алҳол оинномаи он бо таҳрири нав иваз гардидааст.
Имрӯз, ҳайсияти муомилотии бенуқсони Бонк, боэътимодӣ, таҷрибаи бисёрсолаи корӣ ва иҷрои беиллати вазифаҳои ба дӯшгирифта, барои Бонк симои муассисаи устувори молиявӣ ва ҳамкори боэътимодро муҳайё сохтаанд.
Сиёсати Бонк ба дастгирии суръати баланди инкишофи хидматрасониҳои бонкӣ, афзудани сармояи бонк, ба ҳадди ақал расонидани хавфҳо, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ба муштариён ва ба роҳ мондани робитаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ равона шудааст.
«Тоҷиксодиротбонк» дар бахшҳои асосии бозори молиявӣ бо ташаккули заминаи муштариёни устуворафзоянда ва боварӣ ба Бонк мавқеи пешсафиро соҳиб аст. Ба саҳми ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тақрибан 20 фоизи сармояи 12 бонки Тоҷикистон рост меояд. Болоравии устувори нишондодҳои ҶСК
«Тоҷиксодиротбонк» мустақиман ба дарки тақозои муштари ба намудҳои хидматрасонии сифатнок ва нав, ки ба рушди мусоиди тиҷорати он кумак мекунад, вобаста мебошад.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- tsb.tj — вебгоҳи расмии Тоҷиксодиротбонк
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |