Тоҷимат Суярқулов (тав. 1. 05. 1926, ноҳияи Куйбышеви вилояти Фарғона — ваф. маълум нест), муаллими варзиш, номзади илмҳои педагогӣ (1966).

Тоҷимат Суярқулов

Зиндагинома

вироиш

Соли 1950 Техникуми тарбияи ҷисмонии ш. Душанбе ва соли 1954 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ш. Ленинград ба номи Лесгафтро хатм кардааст. Соли 1954—1956 муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1956—1964 муаллими Донишкадаи политехники ш. Душанбе, 1966—1971 мудири кафедраи методикаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Соли 1971 ба Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ гузаронида шудааст. Муаллифи зиёда аз 10 корҳои илмӣ-методӣ, аз он ҷумла «Инкишофи тарбияи ҷисмонӣ дар ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1917—1965» мебошад. Таълифотҳои ӯ ба масъалаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мактабҳои Тоҷикистон бахшида шудаанд. Бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1958) мукофотонида шудааст.

  • Бозии миллии «Чавгонбозӣ», Д., 1957; Варзиши тоҷик, Д., 1963.

Пайвандҳо

вироиш