Варзиши сегона

(Тағйири масир аз Триатлон)

Варзиши сегона ё триатлон (фр. triathlon) ё мусобиқоти сегона — як варзиши таркибӣ аст, ки ширкаткунандагон дар он бо анҷоми се марҳалаи истиқоматӣ бо якдигар рақобат мекунанд. Мароҳили мусобиқа шомили шино, дучархасаворӣ ва дав ҳастанд. Масофати ҳар яке аз ин марҳалаҳо баста ба навъи мусобиқа тағйир мекунад. Сегона аз соли 2000 дар ҳар ду бахш мардон ва занон вориди барнома мусобиқоти олимпӣ шудааст. Чанд масофати аслии мусобиқоти байналмилалии сегона баргузор мешавад иборатанд аз:

  • масофати суръатӣ: 750 метр шино, 20 километр дучархасаворӣ, 5 километр дав
  • масофати стандарт ё олимпӣ: 1,5 километр шино, 40 километр дучархасаворӣ, 10 километр дав
  • масофати тӯлонӣ: 1,9 километр шино, 90 километр дучархасаворӣ, 21,1 километр дав
Варзиши сегона
Тавсифот
Гурӯҳ намуди даврӣ
Абзор дучарха
Тартибот
шино, дучархасаворӣ, дав
Аввалин мусобиқот
Бозиҳои олимпӣ 2000
Чемпионати ҷаҳон соли 1989
Федератсияи байналмилалӣ
Ном ITU
Соли таъсис соли 1989
Раиси федератсия Marisol Casado
Веб-сайт www.triathlon.org
Лоиҳаҳои марбут
Гурӯҳ:Намудҳои варзиш
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Нахустин мусобиқаи сегона дар соли 1921 дар кишвари Фаронса бо номи мусобиқаи се варзиш баргузор шуд, ки дар он варзишкорон масофати 7 километрро рикоб заданд, 5 километрро давиданд ва дар интиҳо 300 метрро шино карданд. Дар аввалин давраи мусобиқоти ин варзиш танҳо 15 нафар ширкат карданд, ки 12 нафар муваффақ шуданд ба хатти поён бирасанд. Имрӯза беш аз 30 ҳазор нафар, ҳар сол дар саросари ҷаҳон дар ин мусобиқот ширкат мекунанд.