Туннели Соланг (форсӣ: تونل سالنگ‎‎) — туннели автомобилгард, ки солҳои 1958—1964 дар ағбаи Соланги Афғонистон аз тарафи мутахассисони шӯравӣ (асосан метросозони маскавӣ) сохта шудааст. Аз замони ба истифода дода шуданаш (соли 1964) то соли 1973 туннели аз ҳама баландкуҳтарини автомобилгарди дунё ба ҳисоб мерафт. Дарозии туннел 2676 метр (якҷоя бо галереяҳои баромад 3,6 километр). Васеъгии роҳи мошингардаш 6 метр. Баландии портали ҷанубиаш аз сатҳи баҳр 3200 метр, нуқтаи баландтаринаш 3363 метр. Соли 1976 қувваи барқ гузаронида шуда, системаи ҳавокашӣ ба кор андохта шуд.

Туннели Соланг
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Парвон
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 1964
Насбшуда бар рӯи Кутали Соланг[d]
Carries роҳ
Дарозӣ
  • 2 600 м
 Парвандаҳо дар Викианбор

Пайвандҳо

вироиш