Тӯрахон Аҳмадхонов

(Тағйири масир аз Турахон Аҳмадхонов)

Тӯрахон Аҳмадхонов (тав. 1 июни соли 1935, деҳаи Шаршар, Данғара, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон. Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон (1995).

Тӯрахон Аҳмадхонов
Таърихи таваллуд: 1 июн 1935(1935-06-01) (89 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Шаршар, ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша

Зиндагинома

вироиш

Аҳмадхонов Тӯрахон соли 1935, дар деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Тӯрахон ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон мебошад. Соли 1960 шуъбаи акёрии Институтити давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав ва соли 1971 курси олии коргардонии Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскавро хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Ҳунарпешаи Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1960-70), саркоргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон (1972-74).Аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Нақшҳо

вироиш

Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш: «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, «Эраҷ-паҳ­лавон»-и Ш. Қиёмов, «Баҳори понздаҳум»-и Зак ва Кузнетсов, «Бонги хатар»-и А. Атобоев, «Муаллими рақс»-и Лопе де Вега, «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, «Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер, «Бахтатро бедор кун»-и Н. Бақозода, «Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев, «Ган­ҷи ранҷ», «Чаманзори ваҳдат».

Театр

вироиш

Нақш­ҳои асосии бозидааш дар саҳнаи театр: Кайковус («Рустам ва Суҳроб»-и Ғайрат Абдулло, Турио ("Ду веронагӣ)-и В. Шекспир, Куйбишев («Ҳуррият»-и Ғайрат Абдулло, Хоҷа («Хизматгори ду хоҷа»-и Голдонӣ, Искандар («Мур­даҳо»-и Урдубодӣ), Эраҷ («Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов.

Кинофилмҳо

вироиш

Дар кинофилмҳои «Достони Сиёвуш» (1976), «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна» (1969), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1979), «Буду набуд» (2001, муаллифи филнома), силсилафилмҳои телевизионии «Муҳаббат» (2008), «Беҳуда хорам мекунӣ» (2009) нақшҳо бозидааст.

Аҳмадхонов муаллифи асарҳои драмавӣ ва намоишномаҳои афсонавии «Олами пурасрор» (1967), «Карим Девона» (1970), «Қиссаи муш ва гурба» (1972), «Ҷӯгидухтар» (1974), «Оилаи аскар» (1975), «Гилеми кабуд» (1979), «Мулки меросӣ» (1980), «Кафшҳои Абул­қосим» (1982), «Бе пир марав» (1984), «Сафар Амиршоев» (1985), «Баҳроми чӯбина» (1995), «Мастӣ-пастӣ» мебошад, ки дар театрҳои ҷумҳурӣ рӯйи саҳна омадаанд.

Ҷоиза

вироиш
  • Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Сарчашма

вироиш