Турсунбой Эргашбоев

Турсунбой Эргашбоев (тав. 5.05.1947 ) ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои физика-математика, дотсент.

Турсунбой Эргашбоев
Таърихи таваллуд 5 май 1947(1947-05-05) (76 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ математика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров

Зиндагинома вироиш

Соли 1969 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм намудааст. Ихтисос, муаллими математика.

  • Солҳои 1970-1974 — Ассистенти кафедраи математикаи олии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров
  • Солҳои 1974-1975 — Сармуаллими кафедраи математикаи олии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров
  • Солҳои 1975-1980 — Сармуаллими кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров
  • Солҳои 1980-1983 — Аспиранти кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи функсионалии Донишгоҳи Давлатии (Миллии) Тоҷикистон.
  • Солҳои 1983-1992 — Сармуаллими кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишкадаи омӯзгории Ленинобод
  • Солҳои 1992-1993 — Дотсенти кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1993-1997 — Дотсент, мудири кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи функсионалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Аз соли 1997 то ҳол — Дотсенти кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]

Эзоҳ вироиш