Турсунмурод Турсунов
Турсунов Турсунмурод (Турсунов Турсунмурод Худоймуродович; зод. 11 августи 1977, ҶШС Тоҷикистон) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2021), профессор (2023).
Турсунмурод Худоймуродович Турсунов | |
Таърихи таваллуд | 11 август 1977 (47 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Мадм, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишТурсунмурод Худоймуродович Турсунов 11 августи соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000), ихтисос: муаррих, муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ.
- Солҳои 1983-1994 дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 20 ба номи генерал-майор Мавлон Олимов таҳсил кардааст.
- Солҳои 2000—2001 коромӯзи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- Солҳои 2001-2003, аспиранти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- Соли 2003 сардори шуъбаи ташкил ва банақшагирии корҳои илмиву тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- Солҳои 2003—2010, ассистенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон омӯзгори фанни таърих дар мактабҳои рақами 15 ва 42-и шаҳри Душанбе, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи тиббии ҷумҳурияии шаҳри Душанбе (2005-2009), профессори кафедраи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Донишкадаи олии сарҳадӣ (2009-2022).
- Солҳои 2010—2023, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- Солҳои 2016-2023 муовини декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия.[1]
- Аз моҳи сентябри соли 2023 профессори кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ.
Фаъолияти илмӣ
вироиш- Соли 2006 дар мавзӯи «Барқароршавӣ ва рушди ҳамкориҳои дипломатӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон (с. 1947-2005)» рисолаи номзадӣ ва соли 2021 дар мавзӯи «Муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон (с. 1992-2020)» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Номбурда муаллифи 150 маводи илмиву таълимиву методӣ, аз қабили монография, брошюра, мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадии хешро дар риштаи илми таърих дифоъ намуда истодаанд. Турсунмурод Турсунов бо маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои байналмилалӣ (Душанбе, Хуҷанд, Омск) ва ҷумҳуриявӣ, мизи гирд ва ҳамоишҳои илмӣ баромад намудааст. Аввалин маротиба дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, факту далелҳои мӯътамад муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро таҳлил, аз нигоҳи илмӣ асоснок ва дурнамои онро пешниҳод намудааст.
Осор
вироиш- Таджикско-индийские взаимоотношения (1947-2006 гг.). Душанбе, 2009. 130 с.
- Таърихи навин. - Душанбе, 2011. - 86 с.
- Марди хирад. – Душанбе, 2013. - 48 с.
- Муҳорибаи Сталинград. – Душанбе, 2013. – 40 с.
- Аз дида ба дил. — Душанбе, 2014. — 104 с.
- Таърихи халқи тоҷик. — Душанбе, 2015. — 195 с.
- Муҳорибаи Москва. – Душанбе, 2017. — 38 с.
- Сиёсатшиносӣ (бо ҳаммуаллифон). — Душанбе, 2017. — 270 с.
- Равобити дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон. — Душанбе, 2019.- 200 с.
- Инъикоси масъалаҳои мубрами илмӣ дар асарҳои олимаҳои факултети таърихи ДМТ (бо ҳаммуаллифон). – Душанбе, 2021. — 170 с.
- Барномаи имтиҳони номзадӣ аз фанни таърихи умумӣ. – Душанбе, 2014. — 21с.
- Маҷумаи тестҳо аз таърихи умумӣ. – Душанбе, 2011. — 56 с.
- Тоҷикистон ва Ҳиндустон: рушд ва дурнамои ҳамкориҳо. — Душанбе, 2023.- 200 с.
Мақолаҳои илмӣ
вироиш- Из истории взаимоотношений Таджикистана с Индией // Вестник национального университета./Серия истории и правоведения. Душанбе, 2002. С. 78-82.
- Таджикистан и Индия: упрочение культурных связей //Молодые ученые и современная наука. –Душанбе, 2002. -С.204-205.
- Сотрудничество Таджикистана с Индией в 50-е -60-е годы XX века // Материалы научно-теоретической конференции профессорско- преподавательского состава ТГНУ «День науки». -Душанбе, 2003. -С. 175-178.
- Взаимоотношения Таджикистана с Индией в новейший период// Материалы научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и студентов ТГНУ, посвященной 80-летию города Душанбе –«Душанбе-символ мира, науки и образования», -Душанбе, 2004.-С. 56-57.
- Взаимоотношения Таджикистана с Индией // Вестник национального университета, -Душанбе, 2005.-С. 115-120.
- Новиков С.В., Турсунов Т.Х. Россия и страны Центральной Азии – состояние и перспективы геополитического сотрудничества // Вестник Таджикского Национального Университета. - Душанбе, 2022. - № 3. - С. 5-10.
- Турсунов Т.Х., Новиков С.В. Российско-Таджикское сотрудничество как фактор стабильности в Центральной Азии [2]
- Турсунов Т.Х., Новиков С.В. Российско-Таджикское сотрудничество как фактор стабильности в Центральной Азии (1992–2022 гг.).[3]
- Турсунов Т.Х., Новиков С.В. Российско-Таджикское сотрудничество как фактор стабильности в Центральной Азии (1992–2022 гг.). Омский научный вестник. Серия «Общество. История. Современность». Том 7, № 4. – Омск, 2022. – С.24-30.
- Турсунов Т.Х., Новиков М.С. Территориально-национальные размежевания в Средней Азии и Казахстане: социально-экономические результаты и последствия. Материалы XII Международной научно-практической конференции, посвященной 200-летию Омской области: «Сибирская деревня: 200 лет развития Омской области – от реформ М.М. Сперанского до агропромышленного центра Сибири». - Омский государственный аграрный университет имени П.А. Столыпина. – Омск: ФГБОУ ВО Омский ГАУ, 21-23 сентября 2022. - С.241-246.
Мукофотҳо
вироиш- Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), Ифтихорномаи ҲХДТ (2020), Сипосномаи ифтихории Пҳантуни Ҷузҷони Афғонистон (2021), Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023), Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2023), Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023).
Адабиёт
вироиш- Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе,2008.-С. 313.
- Қомуси ноҳияи Айнӣ. - Душанбе, 2023. С. 531.