Тутикал
Тутикал, Тали тал
Ҳамаи бачагон дар шакли давра нишаста, пойҳои худро ба пеш дароз менамоянд. Як нафар, ки ташкилкунандаи бозӣ аст, матни таронаи «Тали тал»-ро хонда, ангушти ишоратиашро ба болои пойи ҳар як иштирокчӣ расонида, гузаштан мегирад. Тарона дар болои пойи касе, ки ба охир расид, ӯ пойшро ба қафо кашида аз бозӣ мебарояд. Шахси охир танҳо монда ҳамчун мағлуб ҳисоб ёфта, барои дигарон аз амалҳои шеърхонӣ, сурудхонӣ, масхарабозӣ, тақлидкорӣ ва ё рақсидан якеро иҷро менамояд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976;
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 196