Туғрои Машҳадӣ
Мулло Туғрои Машҳадӣ (форсӣ: طغرای مشهدی), мутахаллис ба Шефта (?, Машҳад — 1667, Кашмир) — шоир, нависанда, сухансаро ва аз мутарассилони барҷастаи сабки ҳиндӣ.
Зиндагинома
вироишКуллиёти Туғрои Машҳадӣ муштамил ба «Соқинома» (дар шакли маснави), қасоид, ғазалиёт, қитаот, фардиёт, таркиббандҳо, тарҷеъбандҳо ва мухаммасот буда, бештар аз 27500 байтро дар бар мегирад. Туррои Машҳадӣ дар «Соқинома» (9144 байт) беадолатию боинсофӣ, ришвахӯрӣ ва фиребу найранги воизону қозиён ва муфтию муллоҳоро сахт мазаммат кардааст. Рисолаҳои Туррои Машҳадӣ бо насри маснӯъ дар васфи табиати Кашмир ва одамони помдори ои замон, шарҳи девони Ҳофизи Шерозӣ, маснавиҳои ҳафтгонаи Зулолии Хонсорӣ тавсифу ташреҳи ҳунари нависандагӣ, воситаҳон тасвири бадеӣ, санъати мусиқӣ, номи рустаниҳо ва дар ҳаҷви амалдорони дарбор таълиф шудаанд. Соли 1871 дар Конпур 18 рисола ва руқаоти Туғрои Машҳадӣ бо шарҳу тавзеҳот ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Туғрои Машҳадӣ / А. Алимардонов // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.