Тӯфон
Тӯфон (ар. طوفان) — иборат аст аз ошуфтагии шадиди ҷаввӣ ва ихтилоли шадиди фишори ҳаво. Гоҳ бар асари бархӯрди ду ҷабҳаи ҳавои сард ва гарм, тӯфони ба вуқӯъ мепайвандад, ки метавонад мӯҷиби қатъи дарахтон, харобии сохтимонҳо ва шикастани шишаҳо шавад.
Тӯфон барфӣ, регӣ ва обӣ мешавад. Одатан бӯрон ба хоҷагии деҳот, роҳҳои алоқа ва дигар соҳаҳои иқтисод зарар меорад.