Узвҳои таносули занона

Ба Узвҳои таносули занона — тухмдонҳо, найчаҳои бачадон, маҳбал мансубанд. Тухмдон ғадуди ҷуфти таносулии занона аст, ки дар коси хурд дар ду тарафи бачадон воқеъ гардидааст. Дар тухмдонҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии занона — ҳуҷайратухмҳо инкишоф меёбанд. Ғайр аз он тухмдон яке аз ғадудҳои муҳимми ихроҷи дарунӣ мебошад, ки ба хун гормон ҷудо мекунад. Он фаъолияти мӯътадили узвҳои таносул ва аломатҳои дуввумини ҷинси (овоз, рушди сина, баромадани мӯи хоси андоми зан ва ғайра)-ро муайян мекунад. Фаъолияти тухмдон ба синни зан ва вазъи умумии функсионалии организм вобаста аст.

Дастгоҳи тавлиди насл дар занон

Узвҳои таносули дохила

вироиш

Тухмдонҳо

вироиш
Мақолаи асосӣ: Тухмдонҳо

Тухмдон тавассути бандакҳо дар байни бачадон ва девораи паҳлуии кос озодона устувор гардида, бо масориқаи кӯтоҳе ба банди васеи бачадон овезон аст. Ҳангоми буриши тухмдон фолликулаҳо ба назар мерасанд, ки дар онҳо ҳуҷайраҳои ҷинсӣ воқеанд. Фолликулаҳо вобаста ба зинаи инкишоф бузургии гуногун доранд. Фолликулаи болиғ (ҳубоби Грааф) кафида, ҳуҷайратухм ба ковокии сифоқ, аз он ҷо тавассути найчаҳои бачадон (найчаҳои фаллопий) ба бачадон меафтад.

Найчаҳои фаллопӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Найчаҳои фаллопӣ

Найчаҳои бачадон (тухмроҳа) аз кунҷҳои танаи бачадон ибтидо гирифта, тарафи озоди онҳо дар ҷавфи батн интиҳо меёбад. Найча ба қисматҳои зерин тақсим мешавад: қисмате, ки дар дохили девораи бачадон воқеъ аст (қисмати бачадонӣ), қисмати борик (гардана), қисмати васеъ (ампула, ки нӯгаш пӯпакдор аст). Девораи найча пардаҳои зардобӣ, бофтаӣ, мушакӣ ва луобӣ дорад. Пардаи луобии найча аз як тараф ба пардаи луобии бачадон, аз тарафи дигар ба пардаи ҷавфи батн мерасад, яъне найчаи бачадон ба ҷавфи сифоқ боз мегардад. Бинобар ин, хатари аз роҳи узвҳои таносули зан ба ҷавфи сифоқ гузаштани сироят вуҷуд дорад. Агар ҳуҷайратухми бордор дар найча бозмонад (мас., ҳангоми илтиҳоби он), ҳомилагии берун аз бачадон рӯй медиҳад.

Бачадон

вироиш
Мақолаи асосӣ: Бачадон

Бачадон узви ковоки мушакӣ буда, дар коси хурд дар байни масона (пеш аз бачадон воқеъ аст) ва рӯдаи рост (пас аз он) ҷойгир мебошад. Ҳангоми ҳомилагӣ дар бачадон кӯдак инкишоф меёбад.

Бачадон аз қаър, тана, гардана ва гардан иборат аст. Вай, одатан, шакли нокро дорад ва тарафи боло қаъри он ҳисоб меёбад. Ковокии танаи бачадон ҳангоми буриш секунҷа аст; ба кунҷҳои боло даҳанаи найчаҳои бачадон, ба кунҷи поён сӯрохи ҷӯяки гардани бачадон боз мешавад. Девораи бачадон аз се қабат иборат аст: пардаи луобӣ (эндометрия), пардаи мушакӣ (миометрия) ва қабати зардобӣ (периметрия). Ҳангоми ҳомилагӣ бузургӣ ва шакли бачадон аз сабаби калон шудани нахҳои мушак тағйир меёбанд. Пас аз таваллуд бачадон тадриҷан хурд шуда, қариб шакли аввалаашро мегирад. Дар пиронсолӣ, хусусан баъди қатъи ҳайзбинӣ, андозаи бачадон хурд мешавад.

Пардаи луобии бачадон вобаста ба давраи ҳайз тағйир ёфта, се марҳаларо аз сар мегузаронад. Низоми тағйироти даврӣ дар бачадон тавассути таъсири мутақобили системаи асаби марказӣ, гормонҳое, ки тухмдон ҷудо мекунад ва ҳиссаи пеши гипофиз танзим мегардад.

Бачадон дар кос бо ёрии сифоқ, бандакҳо, ниём ва мушакҳои қаъри кос устувор аст. Сифоқ сатҳи пешу ақиби бачадонро фаро мегирад ва ба сатҳи паҳлӯи гузашта, бандаки васеи бачадонро ташкил мекунад, ки дар тарафи болои он найчаҳои бачадон воқеанд. Гарданаи бачадон аз қисмати маҳбалӣ ва қисмати болоимаҳбалӣ иборат мебошад. Ҷӯяки гарданаи бачадон дукшакл буда, сатҳи дохилиашро пардаи луобии пурчин пӯшидааст. Луобпардаи ҷӯяки гарданаи бачадон усораи ишқорие ҷудо мекунад, ки бактерияҳоро маҳв месозад, барои аз маҳбал ба бачадон ворид шудани ангезаҳои беморӣ роҳ намедиҳад. Аксуламали ишқории усора дар ҷараёни бордоршавӣ муҳим аст, зеро он ҳаракати нутфаро метезонад. Дар паҳлуҳои гарданаи бачадон ва қисми болоии маҳбал насҷи чарбӣ (параметрия) воқеъ аст.

Дар шароити муқаррарӣ бачадон дар маркази кос меистад. Ҳангоми холӣ будани масона қаър ва танаи бачадон ба пеш баромада сатҳи пешаш ба пеш ва поён менигарад; дар ин ҳол танаи бачадон бо гардана кунҷеро ташкил мекунад, ки ба тарафи пеш боз аст. Вазъи бачадон дар кос ҳангоми ҳомилагӣ ва пур будани масонаву рӯдаи рост тағйир меёбад.

Маҳбал

вироиш
Мақолаи асосӣ: Маҳбал

Маҳбал узви мушакии найчашакл буда, 7 — 9 см дарозӣ дорад; вай аз боло гарданаи бачадонро фаро гирифта, гумбазе ташкил мекунад ва аз поён ба роғи фарҷ боз мешавад. Роғи фарҷи духтарони бокира бо пардаи бакорат пӯшида аст, ки сӯрохи хурде дорад. Ҳангоми муҷомаати аввалин пардаи бакорат медарад. Девораи маҳбал аз се парда иборат аст.

Узвҳои таносули берунӣ

вироиш

Ба узвҳои берунии таносули занон зиҳор (қисмати поёни девораи шикам, ки пашм дорад), лабҳои калони фарҷ (аз ду чини пӯст таркиб ёфта, бофтаи пайвандӣ доранд) ва лабҳои хурди фарҷ (дар самти дохили лабҳои калони фарҷ ҷойгир буда, ғадудҳои чарб доранд) мансубанд. Роғи байни лабҳои хурд даромадгоҳи маҳбалро ташкил мекунад. Дар тарафи болои даромадгоҳ клитор воқеъ аст, ки узви ҳассос мебошад; вай ба аҷсоми исфанҷии узви таносули мард мувофиқ аст. Дар поёни клитор сӯрохи шошабаро воқеъ аст, ки канорҳои каме гирда дорад. Дар ақиб ва поёни он сурохи маҳбал ҷойгир аст. Дар паҳлуҳои маҳбал маҷрои ғадудҳои калони даромадгоҳи маҳбал (ғадудҳои бартолин) боз мешаванд, ки тарашшӯҳи онҳо луобпардаи лабҳои хурд ва даромадгоҳро намнок месозад. Дар паҳлӯҳои қисмати поёни маҳбал пиёзакҳои даромадгоҳ воқеанд, ки ба бофтаи исфанҷии олати таносули мардон монанд мебошанд. Дар даромадгоҳи маҳбал ғадудҳои хурди чарб мавҷуданд.

Пайвандҳо

вироиш