Умарҷон Донизода (Тав. 15.06.1931, м. Андиҷонии вилояти Самарқанд – ваф. 7.05.2003, ш. Душанбе) — филолог, мусиқишинос. «Аълочии телевизиони Тоҷикистон» (1981).

Умарҷон Донизода
Умарҷон Донизода
Таърихи таваллуд 15 июн 1931(1931-06-15) (93 сол)
Зодгоҳ вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 7 май 2003(2003-05-07)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша мусиқишинос, омӯзгор
Ҷоизаҳо

«Аълочии телевизиони Тоҷикистон» (1981)

Зиндагинома

вироиш

Умарҷон Донизода дастпарвари Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе)-ро хатм кардааст (1948-1950). Муаллими мактаби ҳафтсолаи н. Сангвори вилояти Ғарм (1950-1951). Пас аз адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Арм. Сов. (1951-54) муаллими мактаби миёнаи ба номи С. Айнии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло – Ваҳдат, 1954-55). С. 1955-1960 дар бахши филологияи тоҷик факултаи таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст: муҳар, сармуҳар. шуъбаи мус. Тел. Тоҷикистон (1960-95). Аввалин ташкилкунандаи шабҳои эҷодии силсилаи «Шашмақом» дар КДТР Тоҷикистон бо иштир. ҳофизони забардасти Тоҷикистон Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Рена Ғолибова, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Ҷӯрабек Муродов, Мастона Эргашева ва ғ. Филмномаҳои филм-консертҳои «Барно Исҳоқова», «Ҳанифа Мавлонова», Анс. «Зебо» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ташкилкунандаи намоишҳои калони «Бӯстон-1», «Бӯстон-2» ва «Бӯстон-3», намоишҳои солинавӣ ва наврӯзӣ. Бо медали «Ветерани меҳнат» ва Ифтихономаҳои Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Сарчашма

вироиш