Умед Хушвакович Раҷабов (тав. 04.12.1979, ш. Душанбе) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогика (2019), дотсент (2021).

Умед Раҷабов
Умед Хушвакович Раҷабов
Таърихи таваллуд 4 декабр 1979(1979-12-04) (44 сол)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Зиндагинома вироиш

Умед Раҷабов cолҳои 1997-2002 донишҷӯи шуъбаи физика ва маҳорати техникии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2002-2004 омӯзгори физика дар комплексӣ таълимию тарбиявии «Мактаб-кӯдакистон»-и №3, 2004- 2007 лаборант ва ассистенти кафедраи «Математика ва фанҳои табиӣ» -и Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, 2007-2016 ба ҳайси омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, 2016-2018 омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8- и ш. Душанбе фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то 2020 чун ассистент ва муаллими калони кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва баъдан ба ҳайси мудири кафедраи методикаи таълими физика иҷрои вазифа дорад. Мавзуи илмӣтадқиқотии ӯ «Асосҳои дидактикии ташкил ва гузароидани саёҳат ба мавзеъи маҳал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (дар мисоли таълими физика)» мебошад.

Осор вироиш

  • Физика (Қисмҳои 1-3). Д. 2007, 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Рукнҳои тарбиявии таълими физика (дастури методӣ) Д., 2007 (ҳаммуаллиф);
  • Озмоишҳои хонагӣ аз физика (дастури методӣ) Д., 2007 (ҳаммуаллиф);
  • Методикаи ташкилу гузаронидани машғулиятҳои берунисинфӣ аз физика. Д., 2018 (ҳаммуаллиф).

Пайвандҳо вироиш