Умриниссо Балтабаева

Умриниссо Турсунбоевна Балтабаева (тав. 11. 04. 1927, ш. Калды-Кургани ҶШС Қазоқистон), номзади илмҳои педагогӣ (1993), профессор (2005).

Умриниссо Балтабаева

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1946–1950 дар Донишкадаи омӯзгории забонҳои хориҷии ш. Тошкент таҳсил намудаст. Аз соли 1950 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба кор омадааст. Солҳои 1955–1957 муаллими калони кафедраи забони олмонии донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1957–1958 аз курси яксолаи такмили ихтисоси нахустин донишкадаи омӯзгории забонҳои хориҷии ш. Москва гузаштааст. Солҳои 1990–1996 ҳамчун муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ барои факултетҳои табиатшиносӣ-техникӣ, 1996–2005 дотсент, 2005–2009 профессори кафедраи забони хориҷии умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, китобҳои дарсии забони олмонӣ барои мактабҳои миёна, дастурҳои методӣ ва муҳовараи олмонӣ-тоҷикӣ мебошад. Дар масъалаҳои методикаи таълими забонҳои хориҷӣ корҳои илмӣ бурдааст. Барои хидматҳояш дар низоми омӯзишу парвариш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1958), ордени «Собиқадори меҳнат барои хидмати поквиҷдонона дар соҳаи хоҷагии халқ» (1985), ордени «Шараф» (1998) ва раҳматномаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гардонида шудааст.

Пайвандҳо

вироиш