Уруди II, Веруди II (паҳлавӣ: 𐭅𐭓𐭅𐭃 (Wērōd / Urūd), юн.-қад. ΟΡΩΔΗΣ; 70-уми то м. 38 то м., Рай) — сездаҳумин подшоҳи Эрон аз хонадони Ашконӣ (57–38 пеш аз мелод), писари Фарҳоди III. Пас аз бародараш Меҳрдод бар тахти шоҳӣ расид.

Уруди II
юн.-қад. ΟΡΩΔΗΣ
Таваллуд 70-уми то м.
Даргузашт 38 то м.
Дудмон Дудмони Ашконӣ
Падар Фарҳоди III
Ҳамсар Laodice of Parthia[d]
Фарзандон Фарҳоди IV ва Покури I
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ба ақидаи бисёре аз муаррихон дар замони ӯ Шоҳаншоҳи Ашконӣ ба авҷи азамати худ расид. Бисёре аз муосирони он замони Эронро бисёр муқтадиртар аз Имперотурии Рум медонистанд. Дар замони шоҳии Уруди II сарзаминҳои бисёре (аз ҷумла Сурия, ҷанубу ғарби Туркия, Яҳудия ва ...) ба қаламрави Ашкониён изофа шуд, вале пас аз марги сипаҳбуд Сурено ва низ заъфи созмонии артиш натавонистанд манотиқи фатҳшударо ҳифз кунанд. Муҳиммтарин пешомад дар замони подшоҳи Уруди II ҷангҳои мутааддид бо румиён ва ба хусус набарди Ҳаррон (Carrhae) аст.

Адабиёт

вироиш
  • Malcolm A. R. Colledge: The Parthians. Thames and Hudson. London 1967. р. 37-44.
  • Теодор Моммзен. История Рима. Том III. Госполитиздат 1941, стр. 277—286.