Усуфхуҷа Султонов (15.03.1950, ч.Хайдар Усмонови ноҳияи Ғафуров), физик, доктори илми техникӣ (1993), профессор (1994). Аълочии маорифи ҶТ (1992).[1]

Усуфхуҷа Султонов
Таърихи таваллуд 15 март 1950(1950-03-15) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров Тоҷикистон
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома

вироиш

Усуфхуҷа Султонов ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1971). Омузгори физика ва кори мактаби №32-и ноҳияи Колхозобод (1970-71), сарлаборанти кафедраи физикаи умумии ДДОЛ (1971-75), хидмат дар сафи Артиши Шурави (1972-73), муҳаққиқ-коромуз (1975-76), аспиранти ПФТ ба номи А.Ф.Иоффеи ш.Ленинград (1976-79), муаллим (1979-82), дотсент, мудири кафедраи физикаи умуми (1982-92, 1993-94), ходими калони илмӣ (1993-94), профессор, мудири кафедраи физикаи умуми (1994-99), профессор, декани факултаи физикаю математика (1999-2000), профессори кафедраи физикаи умуми ва ҷисмҳоиои сахти факултаи физикаю техникаи ДДОЛ-ДДХ (аз с.2001), хамзамон ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи Коллечи кухи-металлургии ш.Чкалов (2003-05), профессори кафедраи умумиилмӣи Донишкадаи кухи-металлургии Тоҷикистон дар ш.Чкалов(аз с.2006). Муаллифи зиёда аз 70 мақола, як монография, се китоби дарси ва дастурҳои таълими-методи мебошад.

Осори илмӣ

вироиш
  • Кинетика и микромеханика разрушения твердых тел. - Худжанд: Ношир, 2001;
  • Механика (рахнамои таълим). - Хуҷанд: Нури маърифат, 2002;
  • Физикаи молекулави. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2002;
  • Механика ва физикаи молекула. - Чкалов, 2007.

Сарчашма

вироиш
  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандҳои беруна

вироиш