Рақси «уфар»рақси халқии тоҷикон мебошад.

Тавсифи мухтасар

вироиш

Ин рақс дар он қисми авҷи суруд иҷро мегардад, ки «уфар» ном дорад. Баъзан ду уфар ҷо дорад ва дувумаш нисбат ба аввалааш шӯхтар аст. Усули зарб дар уфар иваз меёбад, аммо бо суруд аз ҷиҳати оҳанг ва мақом умумияте дорад. Иҷрокунанда на танҳо раққос, балки дар айни замон низ ҳофиз мебошад. Ӯ мазмуни сурудро ҳам бо овоз ва ҳам бо ҳаракатҳои мавзуни худ ифода менамояд. Мазмуни чунин сурудҳои рақсӣ гуногун: аксар ғиноӣ, ё ғиноию мазҳакаомез мебошанд. Нақароти суруди рақсии ӯро дастаи навозандагон такрор мекунанд.[1][2][3]

Маҳалли густариш

вироиш

Саросари кишвар

Вазъи имрӯзаи унсур

вироиш

Фаъол

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Адиб», 2015, соли 19
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354 с.
  3. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.