Комилиён Файзалӣ Саъдулло (зод. 1956) — риёзидон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ.

Файзалӣ Комилиён
Комилиён Файзалӣ Саъдулло
Таърихи таваллуд 1956(1956)
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016-2021)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1978)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Файзалӣ Комилиён хатмкардаи шуъбаи риёзиёти татбиқии факултети механикаю риёзиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1978) ва аспирантураи Академияи илмҳои ИҶШС (Москва, 1984) мебошад. Соли 1985 рисолаи номзадӣ, соли 2004 рисолаи докторриро дифоъ намудааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Таҳқиқоти мушаххаси илмии ӯ ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тарҳрезии компютерии экосистемаи обанборҳову ҳавзҳои моҳипарварӣ бахшида шудааст. Ӯ дар ин самтҳо 14 монографияи илмӣ ва миқдори зиёди мақолаҳоро ба нашр расонидааст. Теъдоди асарҳои илмӣ-методиаш наздик ба 300-то буда, қисми зиёди онҳо дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии ҷаҳон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Олмон ва ғайра) нашр шудаанд. Ӯ аз рӯи самтҳои таҳқиқотии худ 6 нафарро то зинаи номзади илм ба воя расонидааст.[1]

Ф. С. Комилиён муаллифи зиёда аз 25 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, касбии ибтидоиву миёна ва таҳсилоти умумӣ, зиёда аз 30 барномаи фаннӣ ва 10 васоити таълимӣ мебошад. Соли 2006 ҳамчун ғолиби озмуни муаллифони китобҳои дарсӣ ба муддати як моҳ дар ИМА таҷрибаомӯзии касбӣ гузаштааст.

Ӯ яке аз сермаҳсултарин муаллифони китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ ва ҳамчун мутахассиси барҷастаи соҳаи информатика ва технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Китобҳои таълимии «Информатика», «Информатика ва технологияҳои иттилоотӣ», «Информатикаи татбиқӣ», «Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор», «Асосҳои техникаи компютерӣ», «Технологияи иттилоотӣ», «Забонҳои барномарезӣ», «Компютер ва иттилоот», «Технологияҳои компютерӣ», «Технологияҳои тарҳрезии системаҳои иттилоотӣ», «Шабакаҳои компютерӣ ва сомонасозӣ» ва ғайра, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, имрӯз китобҳои рӯимизии садҳо ҳазор мактаббачагон, донишҷӯён ва омӯзгорони ин фанҳо гаштаанд. Таҳти сарварии ӯ стандарт ва барномаи таълимии фанҳои информатика (барои мактабҳои олӣ) ва технологияи иттилоотӣ (барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ) эҷод шудааст.[1]

Моҳи марти соли 2021 Комилиён Файзалӣ Саъдулло бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Раиси муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шудааст.[2]

Сарчашма

вироиш
  1. 1.0 1.1 Комилиён Файзали Саъдулло(тоҷ.). www.vak.tj. 29 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2021.
  2. Амри Президенти Тоҷикистон(тоҷ.). www.prezident.tj. 29 апрели 2021 санҷида шуд.