Файзулло Каримов (Каримов Файзулло Асомуддинович; зод. 21 марти 1959, деҳаи Кӯли Сӯфиён, ноҳияи Данғара) — раққос ва балетмейстери тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003).

Файзулло Каримов

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1979). Солҳои 1979—1998 солисти балет ва балетмейстери Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб, 1998—2002 солисти балет ва сарбалетмейстери ансамбли мақомхонони вилояти Хатлон, аз соли 2002 сарбалетмейстери ансамбли тарона ва рақси корхонаи «Тоҷиксемент»-и ш. Душанбе мебошад. Маҳорати хуби раққосӣ дошт, хеле рақсҳои тоҷикиро чолокона бо ҳусну назокат иҷро менамуд. «Нағорабазм», «Шодиёна», «Мирзодавлат», «Интизорӣ», «Ҷавонӣ», «Субҳи умед», «Қувваи некӣ» аз зумраи онҳоанд, рақсҳои русӣ, украинӣ, испанӣ, туркӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва дигар халқҳоро ҳам накӯ адо мекард. Дар бисёр намоишномаҳои театрӣ — «Дараи шикастҳо», «Фишор», «Восеъ», «Офарин, Шерак!», «Заволи Чамбули Мастон», «Аз хок баромадему дар хок шудем», «Хусрав ва Ширин», «Мири Кабир», «Ордбезон» рақсҳои дилнишин адо намудааст. Барои иду ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ «Хуш омадӣ, баҳор», «Найи чӯпонӣ», «Нозанин», «Куртачакан», «Тоҷикистон тӯй дорад», «Садбарги тор», «Тӯи тоҷиқӣ» барин рақсҳоро ба саҳна гузоштааст[1].

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Хидмати шоиста» сазовор гардидааст.

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.