Факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Факултети физикаю техника — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби — соли 1932. Соли 1972 ба ду факултети мустақил – факултети математика ва факултети физика ҷудо шуд.
Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият
вироишФакултети физикаю техника яке аз қадимтарин факултетҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. То солҳои 1970 факултетҳои Физикаю математика дар якҷоягӣ амал менамуд. Аз соли 1957 то соли 1970 вазифаи сарварии факултетро яке аз устодони пуртаҷриба, математик Отаҷон Қурбонов ба зимма дошт. Дар давраи роҳбарии ин марди наҷиб ва ташкилотчии беҳамто дар факултет ихтисосҳои нав, ба монанди физика ва асосҳои истеҳсолот (ФОП), инчунин математика ва нақшакашӣ ва нақшаю расм таъсис меёбад. Соли 1955 барои беҳтар намудани таълими фанҳои меҳнат ва ба меҳнати физикию техникӣ ҷалб намудани ҷавонон ва махсусан мактаббачагон қарори махсуси ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шуда буд. Мувофиқи ин қарор дар тамоми ҷумҳуриҳо шумораи зиёди омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ созмон дода шуда буд. Барои ин таълимгоҳҳои меҳнатиро бо омӯзгорону устодони касбӣ таъмин намудан, дар Донишкадаҳои омӯзгории мамлакат ихтисосҳои нави физика ва асосҳои истеҳсолот (ФОП) ва техника ва асосҳои истеҳсолот (ТОП) кушода шуда, дар онҳо ба таълими асосҳои меҳнати касбӣ эътибори калон медоданд. Аз ҳамин сабаб, ҷавобан ба қарори ҳукумат, соли 1957 дар факултет ҳам ихтисоси физика ва асосҳои истеҳсолот ва инчунин барои сарпарастии ихтисоси нав кафедраи «Асосҳои истеҳсолот» таъсис дода мешавад. Ташкили ин кафедра ба зиммаи устоди соҳибтаҷриба ва яке аз физикдони беҳтарини шаҳр дотсент Маленко П. А. гузошта мешавад. То солҳои 1970 факултетҳои Физикаю математика дар якҷоягӣ амал менамуд. Аз соли 1957 то соли 1970 вазифаи сарварии факултетро яке аз устодони пуртаҷриба, математик Отаҷон Қурбонов ба зимма дошт. Дар соли таҳсили 1972-73 факултет ба ду факултети мустақили физика ва математика ҷудо мешавад. М.Насриддинов, номзади илмҳои техникӣ Р.М.Шамсиев, номзади Пас аз мустақил гардидани факултет, сарварии онро яке аз устодони соҳибтаҷриба Туробхон Хӯҷаев ба ӯҳда мегирад. Дар солҳои минбаъда вазифаи пуршарафи декании факултетро дотсентон, номзади илмҳои фалсафа М.И. Исмоилов, номзади илмҳои физика-математика Ҷ.Л.Латипов, номзади илмҳои физика-математика илмҳои физика-математика Ҳ.Р.Саидов, доктори илмҳои техники профессор У.Султонов, номзади илмҳои техникӣ С.Ёқубов, номзади илмҳои омӯзгорӣ, дотсент А.Азизов, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Нуриддинова М., номзади илмҳои физика-математика дотсент Р.Назаров дар ӯҳда доштанд, ҳоло ин вазифа ба зиммаи н.и.ф.-м., дотсент М.Шамсидинов гузошта шудааст.
Дар ин солҳо муаллимони ҷавон Э.Шакарбоев, А.Мамадҷонов, Ҳ.Абдуллоев, А.Раупов, О.Шамсиддинов, Б.П.Левкин ва дигарон ба марказҳои илмӣ ва макотиби олии ИШ ба аспирантура қабул карда мешаванд. Хусусан равобити илмӣ бо Пажӯҳишгоҳи физикаю техникии ба номи акад. А.Ф.Иоффеи шаҳри Ленинград (С.-Петербурги ҳозира) барои факултет хело муфид ва маҳсулнок буд. Бо роҳбарии олимони барҷастаи ин макони илму дониш устодон М.Шерматов, У.Султонов, Ғ.Дадобоев, Х.Бобоназаров, Ф.Ҷалилов, А.Абдуманнонов, Д.Ахмедов, Қ.Исмонқулов, Ғ.Усмонов, Р.Назаров, М.Шамсиддинов, К.Мирҷамолов, И.Иброҳимов, Б.Обидов, Х.Маҳмудов ва диг. соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Солҳои минбаъда устодон У.Султонов ва А.Абдуманнонов дар ин ҷо ба унвони доктори илм мушарраф гардиданд. Дар ин солҳо инчунин устодон Ҳ.Муртазоев, А.Абдувалиев, А.Абдуллоев, Ғ.Обидҷонов, Э.Исоқов, М.Маҳмудов, Р.Шамсиев, С.Ёқубов, А.Қодиров, М.Зиёбоев, А.Домуллоҷонов, Ш.Шерматов, А.Л.Қодиров, М.Нуриддинова, Ш.Шамсиддинов, Х.Ҷӯраева, Ҳ.Ғафуров, С.Раҳимов, М.Дадобоева, М.Қӯзиев, Р.Валиев, З.Юсупов, Т.Ашӯрова, Д.Юсупова, Н.Маҳмудова, А.Ҳоҷибоев, В.Сидиқов, П.Пӯлотов, Л. Неъматов ва дигарон дар аспирантураи шаҳрҳои Масква, Ленинград, Дубна, Зеленоград, Тошкант, Ашқобод, Душанбе, Хуҷанд таҳсил намуда, соҳиби дарҷаву унвонҳои илмӣ мегарданд. Солҳои минбаъда устодон Ҳ.Тошхӯҷаев, И.Файзиев ва А.Азизов рисолаҳои доктории худро дифоъ намуданд. Ҳамаи устодони варзидаи дар боло зикргардида ва олимони намоёни вилоят ва ҷумҳурӣ, ба монанди узви вобастаи АИ ҶТ, профессор С.Н.Каримов, профессорон Н.Рабеҷонов, Х.Абдуллозода ва диг. барои тайёр намудани муттахассисони дараҷаи олии соҳаҳои илму техника ва маориф ҳиссаи арзанда доранд. Ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар факултет хело назаррас аст. Устодони факултет дар корҳои ихтироотӣ ва навоварӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд ва соҳиби зиёда аз 40 патент мебошанд. Академики Академияи муҳандисии ҶТ, профессор М.Шерматов, узви вобастаи ҳамин Академия, дотсент М.Маҳмудов, дотсентон С.Ёқубов, Р.Валиев, донишҷӯён М.Зарипова (соли 2015), М.Қудузова (соли 2016), С.Абдураҳмонов (2017) ва дигарон дар ихтироъкориву навовариҳои соҳаҳои физика ва техника ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Устодони факултет дар барномаҳои давлатӣ, гранту лоиҳаҳои муштараки иштирок менамоянд. Аз тарафи устодони кафедраи Физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт 4 лоиҳаи корҳои тадқиқотии байналхалқӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳ корҳои илмӣ-татқиқотӣ амалӣ гардонида шуд. Бо кўшиши профессор Ҳ.Муртазоев робита бо маркази таҳқиқотии Юлих (Германия) хуб ба роҳ монда мешавад. Дар асоси лоиҳаи «Ташкил намудани системаи коммуникатсионӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ» бо дастгирии МИТБ (МНТЦ) Москва дар факултет як ҳуҷраи компутерӣ ташкил карда шуд, ки ин ҳуҷра якҷоя бо ҷиҳозҳои аз Маркази Тадқиқотии Юлихи Олмон гирифта шуда, барои донишҷўён ва устодон ба маркази тадқикотӣ мубаддал гардид. Мақсади лоиҳаи мазкур таъмин намудани ташкилотҳо бо компутерҳои ҳозиразамон ва пайваст кардан ба шабакаи Интернет ба таври ройгон мебошад. Лоиҳа 8 ташкилоти Тоҷикистони Шимолиро дар бар гирифт: ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Филиали политехникӣ ба номи М. Осимӣ, Донишкадаи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, ТД «Востокредмет», Бахши агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, заводи гидрометаллургии Исфара-Тахомӯш, комбинати металлҳои нодири Чойрух-Даррон.
Дар асоси лоиҳаи «Ҳолати радиоэкологии Тоҷикистони Шимолӣ» бо кўмаки маркази илмии Юлих-Олмон ҷиҳозҳои қиматбаҳои ҳозиразамон ба лабораторияи нав таъсиси «Радиоэкология» гирифта шуд, ки бо воситаи онҳо донишҷўёну аспирантон корҳои курсӣ, дипломӣ ва корҳои тадқиқотӣ мебаранд. Дар асоси лоиҳаи «ERASMUS MUNDUS External Cooperation Windowlot 9 CA» бо дастгирии Иттиҳодияи Европа якчанд донишҷўён ва аспирантон дар давлатҳои Европа фаъолияти худро давом доданд. Ҳамкории илмии устодони факултет бо марказхои илмиву таълимӣ ва муассисаҳои байналхалқӣ хело густариш ёфтааст. Устодони факултет бо марказҳои бузурги илмии физика ва технологияи муосир робитаи зич доранд. Аз ҷумла, устоди кафедраи Электроника бо Донишгоҳи технологии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодони кафедраи физикаи умумӣ ва чисмҳои сахт бо ДФТ ба номи Иоффеи АИ Руссия, ОИЯИ (ш. Дубна) ҳамкории илмӣ доранд ва бо якчанд марказҳои илмии ҷаҳон робитаҳои самараноки илмиро идома медиҳанд. Яке аз олими ҷавони факултет, сармуаллими кафедраи электроника Усмонов А.А. дар озмуни донишгоҳии “ Муаллими соли 2017 ” бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20 – солагии Ваҳдати Миллӣ” баромад намуда, сазовори ҷои дуюм гардида буд. Ғайр аз ин донишҷӯёни факултети физикаю – техника Умаров Баҳоралӣ ва Ашӯров Ҳайдаралӣ дар озмуни “Стипендияи Раиси вилоят” иштирок варзида, соҳиби стипендияи Раиси вилоят гардиданд.
Мутахассисони дар факултет тайёршаванда: физика, физикаю математика, радиофизика, электроникаи тиббӣ, МЭҲ, дастгоҳҳои электронӣ. Дар факултет тайёр намудани мутахассисони соҳаи физика ва техника дар зинаи бакалавиатура, магистратура ва докторантураи PhD ба роҳ монда шудааст.
Дастпарварони факулта
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |