Факултаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Факултаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби — соли 2007.
Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият
вироишДар асоси фармони ректори Донишгоҳ таҳти №110 аз 5 декабри соли 2007 бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи алоқа, таҷҳизотҳои электронӣ ва технологияҳои иттилоотӣ аз 1 сентябри соли 2007 дар сохтори таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи Институти менеҷмент ва технологияи компютерӣ факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуд. Ташаббускор ва аввалин декани факултети навтаъсис то соли 2010 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодиров А.Л. буд.
20 августи соли 1991 бо фармони Вазорати маорифи ҶТ факултети иқтисодӣ таъсис дода шуд. Моҳи апрели соли 1996 факултети иқтисодӣ ба ду факултет тақсим шуд. Яке аз онҳо менеҷмент ва иқтисодиёт (декан А. Маҷидов) ва дигар ҳисоби кибернетикӣ буда, сарварии онро профессор Т. Ҷалилов ба ӯҳда дошт. Моҳи июни соли 1996 декани факултет З.Х. Умаров таъин гардид. Моҳи декабри соли 1999 ду факултет муттаҳид карда шуда, аз нав факултети иқтисодӣ ташкил ёфт, ки декани он дотсент А. Абдуллоев буд. Фаъолияти факултети иқтисодӣ як сол давом кард. Моҳи ноябри соли 2000 дар заминаи факултети номбурда факултетҳои кибернетика (декан А. Абдуллоев) ва молия ва иқтисодиёт бозор (декан А. Маҷидов) ташкил ёфт.
То соли 2006 дар факултет мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои муҳосибот ва аудит, системаи коркарди автоматиконидаи ахбор ва идоракунӣ, таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор, ташкил ва технологияи ҳифзи ахбор, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ тайёр карда мешуданд.
Аз моҳи ноябри соли 2003 то феврали соли 2009 вазифаи декани факултети кибернетикаро дотсент Д.М. Осимова, аз моҳи феврали соли 2009 то моҳи июли соли 2012 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Т.Р. Ризоқуловва аз моҳи июли соли 2012 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.М. Раҳимов дар ӯҳда доштанд. Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти №29 аз 29 январи соли 2015 ва дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ факултетҳои телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва кибернетика бо назардошти мувофиқ будани самт ва равияҳои ихтисосҳояшон муттаҳид карда шуда, минбаъд ҳамчун факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, номгузорӣ карда шуд. Аз моҳи июни соли 2015 вазифаи декани факултетро н.и.ф-м., дотсент Музафаров Д. ва аз моҳи марти соли 2016н.и.и., дотсент Нуриддинова М.И. дар ӯҳда доштанд. Аз моҳи ноябри соли 2016 то 2023 сарварии факултет н.и.и., дотсент Узоқова Г. буд. Аз соли 2016 то имруз сарварии факултетро Нуриллозода Х. дар ӯҳда дорад.
Дастпарварони факулта
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |