Факултети география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Факултети география-экология — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 2010. Соли 2010 факултети фанҳои табии ба факултетҳои «Биология ва химия» ва «География- экология» ҷудо шуданд.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият Вироиш

Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 26.11.2010 ва фармони ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, профессор Ваҳоб Набиев аз 17.12.2010 факултети география-экология таъсис ёфта шуд.

Дар факултет 4 кафедра:

  • географияи табиӣ,
  • географияи иқтисодӣ ва демография,
  • экология ва ҳифзи табиат,
  • геоэкология ва методикаи таълим амал мекунад.

Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин: «география», «география ва ҳифзи табиат», «география-демография», «география-биология», «географияи туризм ва менеҷмент», «экология», «экологияи умумӣ», «геоэкология» мутахассисонро тайёр мекунад. Аз рӯи ин ихтисосҳо дар шуъбаи рӯзона 438 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 340 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Барои тайёр намудани мутахассисон 1 доктори илм ва 1 номзади илми мутахассиси соҳаи геоэкология, 2 номзади илми соҳаи геология, 4 номзади илми соҳаи география, 1 номзади соҳаи химия, 4 номзади илми соҳаи хоҷагии қишлоқ, 2 номзади илми соҳаи биология, 2 номзади илми соҳаи педагогика кор мекунанд.

Факултет дорои лабораторияи «Омӯзиши офатҳои табиӣ ва техногенӣ» аст, ки ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил мекунад. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимии саҳроӣ дар массиви Палос базаи доимоамалкунанда дорад. Факултет бо Университети давлатии шаҳри Москва ба номи М. В. Ломоносов, Институти геологияи АИ Федератсияи Русия, Институти илмӣ-тадқиқотии «КАДАСТР»-и АИ Федератсияи Русия, Университети «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Москва, Университетҳои Оренбург ва Перми Русия, Университети давлатии шаҳри Тошкент ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмӣ дорад.

Дастпарварони факулта Вироиш

Пайвандҳо Вироиш