Факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Факултети физикаю техника— яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1932. Соли 1972 ба ду факултети мустақил – факултети математика ва факултети физика ҷудо шуд.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият Вироиш

Факултети физикаю техника яке аз қадимтарин факултетҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. То солҳои 1970 факултетҳои Физикаю математика дар якҷоягӣ амал менамуд. Аз соли 1957 то соли 1970 вазифаи сарварии факултетро яке аз устодони пуртаҷриба, математик Отаҷон Қурбонов ба зимма дошт. Дар давраи роҳбарии ин марди наҷиб ва ташкилотчии беҳамто дар факултет ихтисосҳои нав, ба монанди физика ва асосҳои истеҳсолот (ФОП), инчунин математика ва нақшакашӣ ва нақшаю расм таъсис меёбад. Соли 1955 барои беҳтар намудани таълими фанҳои меҳнат ва ба меҳнати физикию техникӣ ҷалб намудани ҷавонон ва махсусан мактаббачагон қарори махсуси ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шуда буд. Мувофиқи ин қарор дар тамоми ҷумҳуриҳо шумораи зиёди омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ созмон дода шуда буд. Барои ин таълимгоҳҳои меҳнатиро бо омӯзгорону устодони касбӣ таъмин намудан, дар Донишкадаҳои омӯзгории мамлакат ихтисосҳои нави физика ва асосҳои истеҳсолот (ФОП) ва техника ва асосҳои истеҳсолот (ТОП) кушода шуда, дар онҳо ба таълими асосҳои меҳнати касбӣ эътибори калон медоданд. Аз ҳамин сабаб, ҷавобан ба қарори ҳукумат, соли 1957 дар факултет ҳам ихтисоси физика ва асосҳои истеҳсолот ва инчунин барои сарпарастии ихтисоси нав кафедраи «Асосҳои истеҳсолот» таъсис дода мешавад. Ташкили ин кафедра ба зиммаи устоди соҳибтаҷриба ва яке аз физикдони беҳтарини шаҳр дотсент Маленко П. А. гузошта мешавад. Аз соли 1974 физикон мустақил гардида, сарварии онро яке аз устодони соҳибтаҷриба Туробхон Хӯҷаев ба уҳда мегирад. Дар солҳои минбаъда вазифаи пуршарафи декании факултетро дотсентон, номзади илмҳои фалсафа М.И. Исмоилов, номзади илмҳои физика математика Ҷ. Л. Латипов, номзади илмҳои физика математика М. Насриддинов, номзади илмҳои физика математика Ҳ. Р. Саидов, доктори илмҳои техники профессор У. Султонов , номзади илмҳои техникӣ С. Ёқубов, номзади илмҳои омӯзгорӣ, дотсент А.Азизов дар уҳда доштанд, ҳоло ин вазифа ба зиммаи дотсент Нуриддинова М. И. гузошта шудааст. Дар солҳои 1980 яке аз шохаҳои пурҳунари он шуъбаи рассомию нақшакашӣ ба факултети мустақил табдил дода мешавад. Чунин дигаргунӣ дар ҳаёти ҷомеа дар солҳои 1991-1996 бо ташкили факултети техникӣ бо сарварии дотсент Р.М.Шамсиев ба анҷом ёфта, пас аз нав ба факултети физика пайваста карда мешавад. Аз давраи ибтидо то солҳои пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ташкил ва такомули раванди илмҳои физика гурӯҳи олимони номии Россия ба монанди И.И.Биргембаум, А.Т.Земляков,П.А Маленко,Н.А. Зароченцов, Б.И.Яновский, И.Н.Горбатков ва дигарон сафарбар карда мешаванд. Бо сарварии онҳо ва шогирдон аз ҳисоби ҷавонони маҳалли ба монанди Т.Ҳ.Ҳомидов, М. Акрамов, А. Бобоев аввалин лабараторияҳои физикӣ ва кабинетҳои махсусгардонида созмон дода мешавад. Дар ҷомеаи факултет баҳри таълиму тарбия устодони варзидаи соҳаи физика, радиофизика, физикаи ҷисмҳои сахт, полимерҳо, илми нуҷум, технология (касбу ҳунар), техникаи ҳисоббарор ва воситаҳои техники аудиовизуалии таълим фаолият бурда истодааст. Дар байни онҳо олимони намоёни вилоят ва ҷумҳурӣ ба монанди, доктори илмҳои техникӣ, профессор Султонов У.С, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллозода Х Ф., доктори илмҳои физика ва математика , профессор Абдуманнонов А., доктори илмҳои педагогӣ Файзиев И.Д, доктори илмҳои физика ва математика Тошхӯҷаев Ҳ, профессор Муртазоев Ҳ., номзадҳои илм дотсентон Саидов Ҳ.Р., Латипов Ҷ. Л., Шерматов М., Дадобоев F., Ёқубов С. Ю., Усмонов F. Ҳ., Назаров Р., Шамсиддинов М., Обидҷонов F., Маҳмудов М., Азизов А., Исоқов Э., Шамсидинов Ш., Нуриддинова М., Ҷӯраева Х., Fафуров Ҳ., Раҳимов С., Дадобоева М. ва дигарон фаъолият бурда, барои тайёр намудани муттахасисони дараҷаи олии соҳаи маориф ҳиссагузорӣ карда истодаанд. Факултети Физикаю техника дар айни замон аз 5 кафедраҳои равияҳои физика ва техника иборат мебошад:

  • Физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт – мудир, профессор Султонов У.
  • Физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика – мудир, профессор Файзиев И.Д.
  • Техникаи ҳисоббарор ва ВТАТ- мудир, профессор Тошхӯҷаев Ҳ,
  • Технология ва методикаи таълими он - мудир, дотсент Азизов А.
  • Фанҳои умумитехникӣ – мудир, дотсент Ёқубов С.

Дар факултет зиёда аз 60 нафар устодон фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 8 нафар докторони илм, 21 нафар номзадҳои илм ва боқимонда сармуаллим ва муаллимон мебошанд. Ҳоло факултет аз рӯи 7 ихтисосҳои мухталиф мутахассисонро тайёр менамояд: Физика, Физика ва математика, Радиофизика, Радиофизика ва электроника, Техникаи ҳисоббарор, системаҳо, комплексҳо ва шабакаҳо, Технология ва соҳибкорӣ, Технология. Инчунин равияи зерини тахассусмандӣ дар кафедраҳо амал мекунад: физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи назариявӣ, асосҳои илмии курси физикаи мактаби миёна, радиофизика ва электроника, мошинаҳои электронии ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо, механизатсияи хоҷагии қишлоқ, технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва хӯрока, эҷодкории техникӣ. Ҳамкориҳои илмии устодони факултет бо маркази илмиву таълимӣ ва муассисаҳои байналхалқӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Бо кӯшиши профессор Муртазоев Ҳ. робита бо маркази тадқиқотии Юлих (Германия) мустаҳкам гардонида шудааст, ки дар соҳаи радиоэкология ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Инчунин профессори кафедраи ТҲ ва ВТАТ Тошхӯҷаев Ҳ. бо донишгоҳи технологии шаҳри Санкт-Петербург, донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, устодони кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт бо ФТИ ба номи Иоффе АИ Русия ОИЯИ (ш.Дубна) ҳамкории илмӣ дорад. Дотсентон Азизов А., Раҳимов С. ва Нуриддинова М. тибқи барномаи Барномаи минтақавии «Ислоҳоти соҳаи маориф дар Осиёи марказӣ» бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмиллалии Олмон (GIZ) ҳамкориҳои судманд доранд.

Дастпарварони факулта Вироиш

Пайвандҳо Вироиш