Фарангис Шарифзода
Фарангис Шарифзода (Шарипова Фарангис Худоӣ; тав. 10 октябри 1970, Душанбе) — омӯзгор, забоншинос, доктори илмҳои филология.
Фарангис Худоиевна Шарипова | |
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишФарангис Шарифзода Худоӣ 10 октябри соли 1970 дар шаҳри Душанбе дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Соли 1992 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Солҳои 1997-2000 аспиранти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Соли 2002 рисолаи номзадиро бо муваффақият дифоъ намудааст. Солҳои 2001-2005 ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2006-2007 дар вазифаи мудири кафедраи филология ва рўзноманигории Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2007-2009 вазифаи проректори аввал оид ба корҳои таълими ДТИКТ-ро ба ӯҳда доштааст.
Аз соли 2009 то соли 2010 ба ҳайси дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2010-2013 докторанти ДМТ. Соли 2013 рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намудааст. Аз соли 2013 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2016 профессори кафедраи Таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз 13 июли соли 2022 директори Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ таъйин шудааст[1].
Фаъолияти илмӣ
вироишФарангис Шарифзода соли 2002 рисолаи номзадиро зери унвони “Хусусиятҳои лексикӣ-семантикии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ” дар шаҳри Душанбе дифоъ намудааст. Соли 2013 рисолаи докториро дар мавзӯи “Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ” ба анҷом расонида онро дар шаҳри Душанбе дифоъ намудааст.
Фарангис Шарифзода бештар дар атрофи вижагиҳои луғавиву маъноӣ ва наҳвии осори асрҳои Х-ХІ пажӯҳишҳои илмӣ бурдааст. Пажӯҳиши ӯ дар атрофи вижагиҳои луғавии асари тасаввуфии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ сурат гирифтааст, ки баъдан дар шакли монография интишор шудааст. Ба ғайр аз ин мақолаҳои мавсуф дар атрофи вижагиҳои луғавӣ ва дастурӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолудддини Балхӣ, “Баҳористон”-и Ҷомӣ, ашъори Рӯдакӣ интишор шудаанд.
Дигар аз самти пажӯҳиши Ф. Шарифзода омӯзишу пажӯҳиши сохтори наҳвии ҷумла дар осори се давраи инкишофи таърихи забон мебошад, ки доир ба ин мавзӯъ мақолоти зиёд ва монография бо номи “Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ” (2013) ба чоп расонидааст. Бо кӯшиши Ф. Шарифзода баҳри огоҳӣ ёфтан ва омӯхтани пешинаи таърихии забон ва адабиёти ниёкон китоби дарсии “Забони паҳлавӣ” (муаллифон ̶ А.Тафаззулӣ ва Ж.Омӯзгор) баргардон шуда бо муқаддимаи ӯ ба чоп расид. Инчунин Ф. Шарифзода осори пурарзиши форсии миёнаро гирдоварӣ намуд, ки он бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҶТ аз чоп баромад.
Солҳои охир Ф.Шарифзода баҳри ҳамгун кардани грамматикаи забони тоҷикӣ бо грамматикаҳои суннатӣ, бартараф кардани иштибоҳоти дастурҳои муосири тоҷикӣ машғул аст ва дар ин асно чандин мақолаҳо ба чоп расонидааст, ки аз ҷумла инҳоянд: “Вижагиҳои маъноӣ ва наҳвии пасоянди –ро дар забони порсии дарӣ”, “Ҳамгунсозии дастур ва истилоҳоти забоншиносӣ”, “Корбурди ҳарфи ی (артикли -е) дар осори марҳилаи аввали инкишофи забон” , “Инкишофи таърихии ҷонишинҳои энклитикии забони тоҷикӣ”. Илова бар ин Ф. Шарифзода андешаҳои ҷолибро дар масоили шаклгирӣ ва рушди забон, шаклгирии афкори забоншиносӣ иброз намудааст, ки ин масоил дар мақолаҳои зерин дарҷ гардидаанд: “Раванди шаклгирии забони порсии дарӣ”, “Мавқеи забони тоҷикӣ дар масири таърих”, “Назари мантиқӣ ба ҷумла”, “Шинохти ҷумла дар забоншиносии Эрон”, “Шаклгирии аввалин дастурҳои забони форсӣ дар Русия”. Ба корҳои илмии магистрант, аспирант ва унвонҷӯён роҳнамоӣ мекунад. Ф.Шарифзода яке аз посдорандагон ва ҳомиёни забони тоҷикӣ буда, муаллифи китоби дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 11 ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[2].
Осор
вироиш- Китобҳо (монографияҳо)
- Хусусиятҳои вожагонии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ. ̶ Душанбе, 2012.
- Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ. ̶ Душанбе, 2013.
- Китобҳои дарсӣ
1.Забони паҳлавӣ. Ж.Омӯзгор ва А.Тафаззулӣ (Баргардон ва тасҳеҳи Ф.Шарипова) ̶ Душанбе,2012.
2. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон русӣ – “Забони давлатӣ”.- Душанбе: Маориф, 2018.- 271с.
3. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон узбекӣ – “Забони давлатӣ”.- Душанбе: Маориф, 2018.- 271с.
4. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон қирғизӣ – “Забони давлатӣ”.- Душанбе: Маориф, 2019.- 271с.
5. Стандарти забони тоҷикӣ (давлатӣ) барои синфҳои 2-4 МТМУ.-Душанбе,2021.- 56 с.(бо ҳаммуаллиф)
6.Барномаи забони тоҷикӣ (давлатӣ) барои синфҳои 2-4 МТМУ.- Душанбе, 2022.- 70 с. (бо ҳаммуаллиф)
Адабиёт
вироиш- Мероси хаттии бостон.Гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф.- Душанбе, 2017 - 400 с.
- Динкард. Гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф.- Душанбе, 2018.-343 с.[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин намудани Шарифзода Ф. Х.. www.prezident.tj. 13 июли 2022 санҷида шуд.
- ↑ Шарифзода Фарангис. www.iza.tarena.tj/. 17 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Шарифзода Фарангис. www.iza.tarena.tj/. 17 июни 2024 санҷида шуд.