Фарвардингон

вироиш

Ҷашни Фарвардингон ё Ҳамспасмидия// Ҳамспасмадм номи ҷашне буда, ки дар муддати даҳ рӯз дар рӯзҳои поёни сол баргузор мешудааст. Ин дар даврони бостон ҷашни фарҳрҳо ё равон буд.

Замони ҷашн

вироиш

Дар рӯзи ҳаспатмадм аз истодрӯз (26-уми Исфанд) то аниронрӯз (30-ми Исфанд) ва панҷ рӯзи гото ё ҳамон панҷдуздида (панҷ рӯзи аввали фарвардин) буд. Лозим ба тазкир аст, ки тамоми рӯзҳои як моҳ дар гоҳшумории зардуштӣ номи махсусе доранд. А. Беруни чунин овардааст: “Ин ҷашн даҳ рӯз тул мекашидааст охири панҷ рӯзи исфандмоҳро нахустин фарваргон ва панҷа мастарқа ё воҳро дуввумин фарваргон мегуфтанд.

Расми ҷашни Фарвардингон

вироиш

Бозмондагони хона ва кошонаро покиза ва тамиз карда, набот, ширинӣ, сабзї ва анвои хурокаро дар утоқ ва бом мениҳоданд. Душманӣ ва бадхоҳиро ба дӯстӣ табдил медоданд ва ҳамагон аз ҳам хушнудӣ металабиданд. Яке аз муҳимтарин маросими ин ҷашн афрӯхтани оташ аст. Мардуми рӯи бомҳо оташ меафрӯхтанд. Онҳо эътиқод доштанд, ки бо ин кор фараҳро ба таври гурӯҳе монанди сипоҳи бозгашта ва ба бозмондагон кумак хоҳанд кард. Ин расм ҳанӯз ҳам дар байни зардуштиёни Язд ва Кирмон ҷорӣ аст. Ин оғози ҷашни фарвардингон, ки бо афрӯхтани оташ ҳамроҳ буд, баъд аз ислом табдил ба чаҳоршанбсурӣ шуд.

Бозгашт дар гузаштагон

вироиш

Дар тақвими Маздаяснои солона ба дунболи як давра, даҳ рӯз қарор дорад, ки фарвардингон номида мешавад. Охирин ҷашн аз шаш ҷашни фасли сол. Равонҳои дар гузаштагон ба тартиб аз биҳишт ва аз дузах хориҷ мешуданд ва барои боздиди хонаҳояшон меоянд. Фидяҳое тақдими онҳо мешуданд ва кӯшиш мекарданд, ки онҳо розӣ бошанд. Равонҳои дузахиён ғамгин ҳасатанд ва эҳсоси як зиндониро доранд, ки гурехтааст. Ҳар лаҳза бими онро доранд, ки дубора гирифтор шаванд. Равонҳои биҳиштиён шодонанд ва шодмонӣ мекунанд дуои хайрашонро нишоти афроди хонаводашон менамоянд. Бинобар маълумоти санадҳои дигар ин равонҳо дар гузаштагон нестанд, ки боз мегарданд балки фурҳари онҳост. Ҷашни мавриди назар ҳамонтавр, ки як ёдбуд аст, ёдбуди офариниши мардумон, таҷассуме аз оянда низ мебошад, таҷассуми ростохез.

Манбаъҳо

вироиш
  • Афиф Р. Асотир ва Фарҳанги Эрон дар навиштаҳои паҳлавӣ. –Теҳрон: Тӯс, 1376.
  • Кристисон А. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр. Тарҷумаи Тафззулӣ А, Омӯзгор Ж. Ҷ.2, -Теҳрон. 1368
  • Меҳрдод Б. Аз устура то таърих. –Теҳрон: Чашма, 1386
  • Ҳошим Р. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эронии бостон. –Теҳрон: Фаруҳар, 1358