Фарз
Фарз (ар. فرض) — дар луғат ба маънои муайян кардан, воҷиб гардонидан ва андоза кардан ва дар истилоҳи фуқаҳо ва уламои усул ба маънои ҳар амр (фармуда) ва ҳукми шаръие, ки бо далели қатъӣ собит шуда, Худованд анҷом додани онро ба таври ҳатмӣ ва илзомӣ аз бандагони мукаллаф талаб (ба истилоҳи шаръӣ таклиф) кардааст ва бо анҷом додани он аз сӯи Худо савоб дода ва бо тарки бе узраш азоб карда мешавад, ба монанди намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва дигар аркони ислом.
Ҳукми инкори фарз
вироишКасе яке аз фаризаҳо ва он умуреро, ки ба таври қатъӣ дар шаръ собит шудаанд ва ё ҳукми фарзияти онҳоро инкор намояд, кофир мешавад.[1]
Навъҳои фарз
вироишФарз ба эътибори тааллуқи таклифи он ба мукаллафон бар ду навъ аст – фарзи айн ва фарзи кифоя:
а) амале, ки анҷом додани он бар ҳар мусалмони дорои шароити таклиф ба таври ҳатмӣ ва илзомӣ воҷиб аст, онро фарзи айн мегӯянд. Фарзҳои айн амрҳои сарона мебошанд ва дар анҷоми онҳо адокунунда шахсан мавриди таклифи шаръ ва озмоиши Худо қарор гирифтааст. Латоифи рӯҳӣ ва ганҷинҳои маънавие, ки дар фарзҳои айн гузошта шудаанд ва замири банда ҳамвора ба сӯи онҳо таталлуи рӯҳӣ дорад, аз қабили хушуъ, фурӯтанӣ ва дигар фавоиди ибодот, бо такрори пайвастаи фарзи айн сероб ва сари вақт таъмин мегарданд, амре, ки дар анҷоми фарзҳои кифоя камтар манзур будааст;
б) амале, ки анҷом додани он барои ҳамаи уммат ба таври умумӣ зарур аст ва вақте баъзе аз онҳо онро ба ҷой оваранд, аз бақия соқит мегардад, онро фарзи кифоя меноманд. Фарзҳои кифоя бештар ба амалҳои иҷтимоӣ ва чорабиниҳои дастҷамъӣ тааллуқ доранд ва шахсе аз оҳоди мардум ба таври хос дар онҳо мавриди таклифи шаръ ва имтиҳони Худованд набуда, балки онҳо масъулият ё воҷиби уммат ба таври умумӣ ҳастанд ва ҳусули он барои ҳама фоида дорад. Онҳо ба масъулиятҳои динӣ, ба монанди намози ҷаноза, амри маъруф, омӯзиши улуми шаръӣ, анҷоми шуғли қазо (судягӣ) ва ғ. ва умури дунявӣ, ба монанди роҳандозии саноатҳо, омӯзиш ва пешбурди касбҳо, зироат ва дигар муҳиммоте, ки умури зиндагии башарият ба онҳо қавом ёбанд, ҷудо мешаванд.[2]
Фарқи байни фарз ва воҷиб
вироишТанҳо фарқе, ки дар миёни фарз ва воҷиб вуҷуд дорад, иборат аст аз: Фарз ба воситаи далели қатъӣ собит шудааст ва воҷиб ба воситаи далели заннӣ (ғайри қатъӣ). Далели қатъӣ он аст, ки дар ҳаққонияти он ҳеч шакку шубҳае вуҷуд надорад, вале дар далели заннӣ шакку шубҳа ҷой дорад ва субути ҳаққонияти он то ҷойгоҳи далели қатъӣ нарасидааст. Агар фарз ва ё воҷиби айн ва фарзи кифояе дар як вақт ҷамъ оянд, ки танҳо гунҷоиши яке аз онҳоро дошта бошад, пас фарз ва воҷиби айн бар фарзи кифоя муқаддам дошта мешавад, ба монанди ин ки намози пешин ва ё намози ид ва ҷанозае бо ҳам ҷамъ оянд ва аз вақти пешин ва ид танҳо ба миқдори адои яке аз онҳо боқӣ монда бошад, аввал намози пешин ва ид ба ҷой оварда мешаванд. Аммо агар вақти фарз гунҷоиши ҳардуро дошта бошад, пас фарзи кифоя бар фарзи айн муқаддам дошта мешавад ва намози кусуф низ ҳамин ҳукмро дорад. Аммо агар фарзи кифоя бо суннате дар як вақт ҷамъ оянд, ба монанди намози ҷаноза ва кусуф, пас фарзи кифоя бар он муқаддам дошта мешавад ва дар қавле аз имом Муҳаммад (рҳ) намозгузорон бо назардошти мавқеъ мухайярандРадду-л-мӯҳтор. – Ҷ. 3. – С. 52-53..
Эзоҳ
вироиш- ↑ Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017.
- ↑ Фарзи кифоя, агар ба тарзи кофӣ ва шоиста дар ҷомеа адо нагардад, мӯҷиби гуноҳи ҷамъӣ – ҳамагонӣ бошад. Фарзи кифоя яке аз василаҳо ё арсаҳои ихтисосёфтаи фиқҳӣ барои андешидан ва сухан гуфтан дар бораи ҷомеа ба таври куллӣ, яъне ба унвони як мавҷуд ва воҳиди низомёфтаи иҷтимоӣ аст ва он тамоми қаламрави масъулиятҳои муш-тарак ва густараи такофули иҷтимоиро дар ҷомеа дар бар мегирад. Бар асоси қавоид ва усули фиқҳӣ фарзи аён ба қаламрави мафоҳим, арзишҳо ва тако-лифи хусусӣ ва фарзи кифоя ба мафоҳими умумӣ ихтисос дода шудааст. Фиқҳи исломӣ ба ин тартиб, тамоми паҳлуҳои ҳаёти шахси (фарди)-и бандаро зери пӯшиши таколиф ва нукоти маънавие бо номи фарзи айн, суннати муаккада ва ғ. қарор дода ва ҳамаи абъоди ҳаёти иҷтимоии ӯро бо вазоиф ва масъулиятҳои муштараке бо номи фарзҳо, воҷибот ва суннатҳои кифоя фаро гирифтааст ва бо ҳамин шерозаи ваҳдати иҷтимоӣ ва ҳам-бастагии ҳуқуқӣ ва амалиро дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба вуҷуд овардааст.
Сарчашма
вироиш- Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017.