Гаштҳои эҳтимолии фарзин.

Фарзин (форсӣ: فرزینferzin — вазир, мушовир; Юникод: ♕♛) — пурқувваттарин муҳраи шоҳмот. Арзишаш тақрибан ба 8-9 пиёда баробар аст. Аз рӯи қувва аз тӯра ва як муҳраи сабук зиёдтар аст, вале аз ду тӯра камтар буда, тақрибан ба се муҳраи сабук баробар аст.

Гаштҳои фарзин

вироиш

Фарзин ба дилхоҳ катакҳои вертикалӣ, горизонталӣ ва диагоналӣ гашта метавонад ва ба имкониятҳои рух ва фил (шоҳмот) дорост (ба шарте, дар роҳи гашташ ягон муҳрае набошад). Агар фарзин дар байни тахта бошад, онгоҳ якбора ба 27 катаки тахта ҳамла оварда метавонад, дар кунҷи тахта бошад то 21 катак.

Фарзин дар рафти бозӣ

вироиш

Бозингарон дар аввали бозӣ яктогӣ фарзин доранд. Дар аввали бозӣ фарзинҳо дар катакҳои d1 ва d8 (катакҳои ҳамранги худ) ҷой гирифтаанд.

Фарзин дар масъалаҳо

вироиш
 
 
               
               
               
               
               
               
               
               
 
 
Масъала дар бораи ҳашт фарзин.

Фарзин дар бисьёр масъалаҳои шоҳмот вомехурад. Масалан, дар "Масъала дар бораи ҳашт фарзин", ки шарташ: дар рӯи тахта 8 фарзинро тавре ҷойгир намудан лозим аст, ки онҳо ба якдигар ҳамла оварда натавонанд. Бо роҳи математикӣ исбот карда шудааст, ки ин масъала 92 тарзи ҳал дорад.

Адабиёт

вироиш