Фармондор
Фармондор, губернатор (аз лот. gubernator аз юн.-қад. κυβερνήτης [kybernētēs]), дар Русияи подшоҳӣ — сардори ҳукумати воҳиди маъмурӣ, ки аз тарафи аҳолӣ интихоб мегардад; ҳокими маъмурии аз тарафи ҳукумати марказӣ таъйингардида.
Дар баъзе давлатҳо губернатор ҳокимияти иҷроияи иёлат ва дигар субъектҳои давлати иттифоқиро сарварӣ карда, метавонад сардори идораи шаҳр бошад. Дар ИМА ва давлатҳои иттифоқии Амрикои Ҷанубӣ сарварони иёлот губернаторҳо мебошанд. Масалан, тибқи Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Мексика (моддаи 115, қисми 3) губернатор ба муҳлати шаш сол интихоб шуда, фақат як муҳлат фаъолият менамояд ва ба муҳлати дигар интихоб шуда наметавонад. Губернатори иёлат фармондеҳи кулли қувваҳои муссалаҳи ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар воҳидҳои маъмурӣ ҷойгиршуда мебошад.
Дар Русияи подшоҳӣ губернатор сардори губерния буд ва бо фармони подшоҳ таъйин мешуд, шахси мансабдори маъмурии давлатӣ, намояндаи ҳокимияти олии иҷроия ва ҳамзамон Вазорати корҳои дохилӣ дар губерния ба ҳисоб мерафт. Губернатор ҳамчун намояндаи ҳокимияти марказӣ қонунҳоро ба аҳолӣ мерасонид, аз болои фаъолияти идораи губерния назорат мекард, бо мақсади таъмини иҷрои санадҳои қонунгузорӣ оид ба ҷорӣ кардани тартибот ва амният қарорҳо қабул мекард. Ба ҳайси намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ сардори кулли полиси маҳаллӣ буд.
Аз соли 1993 мафҳуми губернатор барои ифодаи мансаби сардори маъмурият дар баъзе субъектҳои Федератсияи Русия истифода бурда мешавад. Губернатор аз тарафи аҳолӣ ба муҳлати чор сол ва на зиёда аз ду навбат пайиҳам интихоб карда мешавад; аз рӯи вазифа аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия мебошад, субъекти Федератсияи Русияро дар сатҳи умумифедералӣ, дар муносибат бо субъектҳои дигар, дар робита бо давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ менамояд. губернатор дар ҳалли масъалаҳои идоракунии субъект ваколатҳои муҳим дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Губернатор / А. Имомов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Большой юридический словарь. М., 1999;
- Конституционное право. Энциклопедический словарь. М., 2001.