Фарҳанги форсии Муъин
«Фарҳанги форсии Муъин» (форсӣ: فرهنگ فارسی معین) — луғати тафсирӣ мебошад, ки солҳои 1963—1973 дар 6 ҷилд ба табъ расидааст. Се ҷилди аввали он калимаҳо, таркибҳои феълӣ ва ибораҳои рехтаро дар бар мегирад. Дар охири ҷилди 3 таркиботи хориҷӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва ғ. илова шудааст. Дар радифи сарвожа ва баъзе ибораҳо овонавишти лотинии онҳо оварда шуда, номи лотинии истилоҳоти тиб, наботот, ҳайвонот ва ғ. дар поварақ ишора гардидааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Муҳаммади Муин, Фарҳанги форсӣ, дар шаш ҷилд. — Теҳрон, 1963—1973; Энсиклопедияи советии тоҷик, Душанбе, 1983, ҷилди 7. — С. 538. Ҳасани Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, дар 8 ҷилд. — Теҳрон, 1995—2003