Фатҳӣ Башага
Фатҳӣ Башага (тав. 20 августи 1962, Мисурата ) — сиёсатмадор ва арбоби давлатии Либиё, собиқ вазири корҳои дохилии Ҳукумати Ваҳдати Миллии Либиё . Сарвазири феълии Либия аз 10 феврали 2022.
аз 3 март 2022 | |
Пешгузашта | Аблулҳамид Дбейба |
Таваллуд |
20 август 1962 (62 сол) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироиш20 августи соли 1962 дар Мисурата таваллуд шудааст. Ӯ аслан турк аст.
Соли 1984 техникуми авиатсионии Мисуратаро хатм намуда, соли 1985 лётчик-мураббӣ шуд ва қариб 10 сол кор кард.
Соли 1993 ӯ аз нерӯҳои ҳавоии Либиё рафт ва ба тиҷорат машғул шуд.
Бо оғози ҷанги шаҳрвандии Либиё дар соли 2011 ӯ ба шӯришиён пайваст. Соли 2012 узви Шӯрои Мисурата шуд ва дар бархе аз амалиёти низомӣ ширкат кард.
Дар соли 2013 ӯ барои курсии вазири дифои Либиё номзад шуд, аммо натавонист ин мақомро ишғол кунад.
Соли 2014 ӯ аз Мисурата вакили Маҷлиси намояндагони Либиё интихоб шуд. Аз тарафдорони худ даъват кард, ки Маҷлисро бойкот кунанд . Соли 2015 раиси Шӯрои дифоъ таъин шуд. Моҳи октябри соли 2018 дар Ҳукумати ваҳдати миллии Либиё вазири корҳои дохилӣ шуд. Башага хангоми дар вазифаи вазир буданаш кушиш кард, ки полиси Либиёро аз нав ташкил кунад.
28 августи соли 2020 дар пасманзари эътирозҳои дар Триполи оғозшуда аз мақомаш барканор шуд, аммо 3 сентябри ҳамон сол ӯ дубора вазири корҳои дохилӣ таъин шуд.
25 марти соли 2021 бо сабаби тасмими ширкат дар интихоботи президентӣ истеъфо дод. [1]
10 феврали соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Либиё сарвазири нави Либиё таъин шуд.
Даъвоҳо дар бораи ширкат дар шиканҷа дар зиндони Митига
вироишРаҷаб Макраҳӣ, маҳбуси собиқи зиндони Митиг, ки дар зиндон чашмашро гум кардааст, пас аз фирор ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Африқо шикоят бурд. Ин мард талаб кардааст, ки Фатҳи Башага ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ки ба гуфтаи Макраҳӣ, гӯё ӯ шахсан чашми ӯро кандааст. [2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Libye: «La seule compétition acceptable doit être démocratique»
- ↑ Зверская пытка узника "Митиги" продемонстрировала миру террористическую сущность ПНС Бойгонӣ шудааст 22 апрели 2021 сол. // Sobesednik.ru, 3 июня 2020