Фахруддин Аҳмади Котиб

Фахруддин Аҳмади Котиб (форсӣ: فخرالدین احمد کاتب‎; соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи[1] маъруф (асри 15).

Фахруддин Аҳмади Котиб
форсӣ: احمد کاتب
Навъи фаъолият: хаттот, хушнавис

Зиндагинома

вироиш

Тафсилоти зиндагиаш маълум нест. Ба хатти вай як нусхаи «Куллиёти Камоли Хуҷандӣ» дар Осорхонаи осори исломӣ ва турк дар Истанбул маҳфуз аст, ки бо хатти зебо китобат шудааст. Аз осори хаттотии ӯ инчунин баъзе тарҷеот аз маҷмӯаи тарҷеъбандҳо (дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрон маҳфуз аст) ва як руқъа аз мураққае (дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул) боқӣ мондааст.

  1. احمد کاتب | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 19 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵