Фахрӣ Маликович Маликов (тав. 24.03.1921, деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ – ваф. 1.06.1976, шаҳри Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1972), дотсент (1975).

Зиндагинома

вироиш

Соли 1938 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, пас аз як соли хониш таҳсилро дар факултети коргарии ш. Сталинобод идома додааст. Солҳои 1940–1941 дар курси тайёркунии муаллимони мактабҳои ҳафтсола таҳсил намудааст. Солҳои 1941–1961 муаллими фанҳои математика ва физикаи мактабҳои ҳафтсолаи ноҳияҳои Лаби об (имрӯза Тоҷикобод) ва Айнӣ буд. Дар ин муддат дар шуъбаи ғоибонаи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Пас аз таҳсил то охири умр ҳамчун ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи донишкадаи номбурда фаъолият дошт. Оид ба методикаи таълими векторҳо дар мактаби ҳаштсола ва дигар масъалаҳои муҳими таълими математика кори илмӣ анҷом додааст. Зиёда аз 15 ҷузъи чопӣ мақолаҳои илмию методӣ ва дастурҳои методӣ ба чоп расонидааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои корҳои пурмаҳсули худ бо нишонҳои «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1957), «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1960), медали «Барои меҳнати шоён» (1960) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Масъалаҳои таълими математика (геометрия) дар мактаб (Дастури методӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1974; Вектор ва таълими он дар синфи 7 (Дастури методӣ), Д., 1975; Конгруэнтии фигураҳо ва ҷойивазкуниҳо дар синфи 6 (Ба ёрии муаллим), Д., 1975; Таълими математика дар синфҳои 7-8 дар асоси векторҳо // Мактаби советӣ, 1971, №3; Татбиқи векторҳо дар курси геометрияи мактаби ҳаштсола // Мактаби советӣ, 1969, №6.

Пайвандҳо

вироиш