Фашизм
Фашизм (итал. Fascismo, аз fascio- қабза, бандча; иттиҳодия)- ҷараёни сиёсии реаксионие, аст ки дар мамлакатҳои капиталистӣ дар замони бӯҳони умумии сиёсиву иқтисодӣ ба вуҷуд омада, манфиатҳои доираҳои ҷангҷўёнаи буржуазияи империалистиро ифода мекунад; диктатураи ошкоро террористии капитали монополистӣ низ фашизм номида мешавад; Фашизм ҳуқуқ ва озодиҳои демократиро дар дохили мамлакат нест мекунад, аппарати давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятиро ба тарзу усулҳои ҳарбӣ мегузаронад, сиёсати ҷангҷӯёнаро пеш мебарад. Идеологияи Фашизм - ин нисбат ба одам нафрат доштан, нажодпарастӣ ва шовинизм аст.
Таърих
вироишФашизм соли 1919 дар Италия ба вуҷуд омадааст. Фашистон соли 1922 дар Италия ба сари ҳокимият омаданд. Соли 1919 дар Олмон ҳизби фашистӣ ташкил ёфт, ки вай соли 1933 ҳокимиятро ба даст гирифт ва диктатураи террористии Гитлерро ҷорӣ кард; Фашизм аз ибтидои пайдо шуданаш ҳамчун қувваи зарбдори реаксияи байналхалқӣ ба майдон баромад. Олмони фашистӣ ба якҷоягии Италияи фашистӣ ва Японияи империалистӣ дар ҳолати мусоҳилакории доираҳои ҳукмронии Англия, Франсия, ИМА Ҷанги дуюми ҷаҳониро (солҳои 1939-1945) сар кард. Дар натиҷаи торумор гаштани фашизм дар Олмон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ халқҳои бисёр мамлакатҳо аз асорати фашизм наҷот ёфтанд. Дар солҳои баъди ҷанг тамоми қувваҳои сулҳҷӯйи ҷаҳон бар зидди фашизм мубориза мебаранд.
Аз соли 1962, ҳар як рӯзи дуюми моҳи сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни фашизм ҷашн гирифта мешавад. [1]
Фашизм як назарияи сиёсии истибдодӣ ва ҷунбиши мардумӣ аст, ки мехоҳад меҳанро болотар аз ҳамма арзишҳо қарор диҳад (ки аз назари нажодӣ ва чи аз назари фарҳангӣ ва таърихӣ). Коршиносони гуногун вижагиҳои мухталифро ба Фашизм нисбат додаанд, вале ончи будани аслӣ фашизмро ташкил медиҳад, дар зер ҳастанд:
- Миллатгароӣ (насионализм)
- Қудратгароӣ (ауторитарианизм)
- Артишгароӣ (милитаризм)
- Куллигароӣ (тоталитарианизм)
- доштани синф ва ҳизби муштарак (корпоратизм)
- вуҷуди ҷомеа ва системаи иқтисоди баста (коллективизм)
- Мухолифат ва зиддият бо озодихоҳӣ (либерализм), мардумсолорӣ (демокрасӣ) ва коммунизм
Фашистҳо бо сиёсати сармоягузорӣ боз ва сармоядорӣ мухолифанд, вале ба моликияти шахсӣ ва сармояҳо мухолиф нестанд. Аксар аз фашистҳо ба вижа сусиёлҳойи миллатгаро сармоядориро қаламдод мекунанд ва онро ба яҳудиён нисбат медаҳанд.