Физикаи квантӣ — бахши физикаи назариявӣ, ки дар он механикаи квантӣ ва системаҳои квантӣ-майдонӣ омӯхта ва тадқиқ карда мешаванд.

Коллайдери Тэватрон ва ҳалқаи инжектори асосӣ

Таърих

вироиш

Истилоҳи «квант» аз тарафи физики машҳур, яке аз поягузорони физикаи муосир Макс Планк барои тавсифи табиати афканишоти спектралии љисми мутлақ сиёҳ пешниҳод шуда, дар як давраи наонқадар тўлонӣ ба як илми мустақили дақиқ, яъне механикаи квантӣ табдил ёфт. Дар асоси фаҳмиш ва тасаввуроти имрӯзаи механикаи квантӣ якчанд бузургиҳои физикӣ назарияи квантии ҷисмҳоро тавсиф медиҳанд. Дар физикаи муосир калимаи «квант» ҳудуди муайяни истифода дошта, баъзан барои ишорат намудани зарра ё квазизарраҳои бозонии майдони таъсирот, ки онҳоро «квантҳои барагезанда» ном мебаранд, истфода карда мешавад. Мафҳуми квант дар якчанд соҳаи майдонҳои таъсирот номҳои алоҳидаро, аз он ҷумал фотон - кванти майдони электромгнитӣ, глюон - кванти майдони векторӣ (глюонӣ) дар хромодинамикаи квантӣ, ки таъсироти пурзӯрро таъмин мекунанд, гравитон - кванти майдони ҷозивавӣ , фонон - кванти ҷунбиши кристаллҳо ва ғайраҳоро доро мебошанд.

Бахшҳо

вироиш

Физикаи квантӣ яке аз бахшҳои бунёдии физикаи назариявӣ буда, система ва қонунҳои ҳаракати квантӣ - механикӣ ва квантӣ - майдониро тадқиқ менамояд. Ин қисми физика асоси қонунҳои бунёдии физикаро дар доираи механикаи квантӣ ва назарияи квантии майдон ба дигар бахшҳои физикаи татбиқ менамояд. Физикаи квантӣ ва асосҳои назариявии он - механикаи квантию назарияи квантии майдонро дар нимаи аввали асри ХХ олимоне чун Макс Планк, Алберт Эйнштейн, Артур Комптон, Луи де Бройл, Нилс Бор, Эрвин Шрёдингер, Пол Дирак, Волфганг Паули ва Вернер Гейзенберг бунёд намуданд. Физикаи квантӣ якчанд қисмҳои дигари физика, аз қабили механикаи квантӣ, назарияи квантии майдон, физикаи ядроӣ, физикаи зарраҳои бунёдӣ, физикаи энергияҳои баланд, физикаи статистикаи квантӣ, назарияи квантии муҳитҳои конденсӣ, назарияи квантии ҷисми сахт ва оптикаи квантиро муттаҳид менамояд. Дар асоси хосияти мавҷии зарраҳо механикаи квантӣ бо ифодаҳои ғайриклассикӣ ба бисёр саволҳои то ин дам барои физикаи классикӣ норӯшан ҷавоб мегӯяд. Он дорои принсипҳои илмии худ, ба монанди принсипи номуайянии Гейзенберг, принсипи суперпозитсияи ҳолат ва ғайра мегардад. Баробар бо тараққиёти физикаи квантӣ мувозинатан соҳаҳои дигари илму техника ба монанди энергетикаи атомӣ, техникаи кайҳонӣ, физикаи лазерҳо, технологияи компютерӣ рушд намуда истодаанд.

Пайванди беруна

вироиш

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш