Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон17 августи соли 2017 дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст.

Муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, ҷиҳати омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат таъсис дода шудааст. Мақсад аз таъсиси филармония - таблиғу ташвиқи мусиқии касбӣ ва анъанавии халқи тоҷик, рақси миллӣ, балет, дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод, омода намудани навозандагони ҷавон, раққосон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ба роҳ мондани низоми дастгирии эҷодиёти кӯдакону наврасон ва таҳсилоти бадеӣ-эстетикии онҳо, татбиқи имкониятҳои эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» дар заминаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфта, он минбаъд барои рушду ташаккули коллективҳои эҷодии бачагона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси зебоиписандӣ, ташкили маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ шароити васеъ ва мусоид фароҳам меоварад. Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маркази бузурги фарҳангии кӯдакону наврасон табдил меёбад. [1]