Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе — яке аз шуъбаҳои донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Русия дар Тоҷикистон мебошад.
Соли таъсисёбӣ | 2009[1] |
---|---|
Сайт | msu.tj |
Маълумоти мухтасар
вироишФилиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар асоси фармони ПрезидентиТоҷикистон аз 6 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Ин донишгоҳ барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар пешбурди соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маориф ва илми Русия оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Таърих
вироишФилиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар асоси фармони ПрезидентиТоҷикистон аз 6 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. 70 % кормандони Филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов профессорони донишгоҳи Москва буда 30 % дигар, профессорону омузгорони донишгоҳҳои Душанбе мебошанд. Таълими донишҷуён дар донишгоҳ дар асоси стандарти ягонаи Вазорати маориф ва илми Русия ба роҳ монда шудааст. Соли аввали таҳсил ба ихтисосҳои Риёзӣ ва информатика, Геология, Муносибатҳои байналмилалӣ донишҷуён кабул карда шуданд. Соли таҳсили 2011—2012 боз руи ихтисосҳои нав — Идоракунии давлатӣ ва мунисипиалӣ, Кимиё, физика ва механикаи материалхо, Лингвистика донишҷуён кабул карда шуданд.
Факултетҳо ва ихтисосҳо
вироиш- Факултети табиӣ — илмӣ:
• Риёзӣ ва информатика
• Геология
• Кимиё, физика ва механикаи материалхо
- Факултети гуманитарӣ:
• Муносибатҳои байналмилалӣ
• Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ
• Лингвистика
Китобхона
вироишКитобхонаи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов барои хидматрасонӣ ба хонандагон аз хазинаи электронии Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов истифода мебарад. Фонди (хазина)-и китобхона тахмин 10 миллион нусха, аз ҷумла 3 млн ба забони хориҷӣ, нашрияҳоро ташкил медиҳад. Бойгонии хазинаи китобхона дар асоси нусхаҳои ройгони федералии нашрияҳои Русия, ивази китоб бо 164 ҳамкорони хориҷӣ — донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва марказҳои илмӣ зиёд мегардад. Хизматрасонӣ ба хонандагони виртуалӣ тавассути сомонаи Китобхона http://www.nbmgu.ru/ амалӣ мегардад.[2]
Донистаниҳо
вироишБарои дастрас намудани хазинаи китобҳои Китобхонаи илмии ДДМ ба сомонаи Филиал Московского государственного университета имени М. В. Ломоносова в городе Душанбе, ё ин ки ба воситаи сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Махзани электронӣ/Пайвандҳои пурмуҳтаво ворид шудан мумкин аст.
Маъмурият
вироиш- Директори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе — Трофимов Сергей Викторович — номзади илмҳои ҷомеашиносӣ, дотсент.
- Директори иҷрокунанда — Ғаниев Рустам Ғафурович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент аст.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ https://figshare.com/articles/_/7738979 — 2019-02-17 — 2019. — doi:10.6084/M9.FIGSHARE.7738979
- ↑ Научная библиотека МГУ имени М. В. Ломоносова (НБ МГУ). 16 октябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 ноябри 2014.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |