Филми мустанад (англ. Documentary film), мустанад — филми ғайридостонӣ, ки умури воқеъиро ба тасвир мекашад.

Шохаҳо вироиш

Аз ду шоха — киноинформатсия (кинохроника, киножурнал ва ғайра.) ва публитсистикаи образнок иборат аст. Кинои ҳуҷҷатӣ бо таъсиси кинематограф ба майдон омад.

Таърих вироиш

Филми бародарон Люмерҳо «Омадани поезд ба вокзали Сиета» (1895) аввалин кинои ҳуҷҷатӣ буда, воқеаҳои ҳаётиро нишон медиҳад. Баробари такмил ёфтани техникаи киногирӣ (ба миён омадани овоз, ранг, такмили аппарати киногирӣ ва ғайра) шаклу мундариҷа ва вазифаю мақсади кинои ҳуҷҷатӣ низ тағйир ёфта, ба жанру услуби нав рӯ овард. Қаблан дар кинои ҳуҷҷатӣ таносуби ахбор бар бадеият бартарӣ дошт, вале ҳоло дар филмҳои иттилоотӣ диди бадеӣ, бештар дида мешавад. Тафовути кинои ҳуҷҷатӣ аз бадеӣ он аст, ки дар кинои ҳуҷҷатӣ бозии актёр истисно гардида, боқимонда ҳама васоити бадеии санъати киноро ба маврид истифода мебарад. Бадеият ва васоити бадеӣ дар кинои ҳуҷҷатӣ барои амиқу ҷолиб баромадани объекти асл хидмат мекунад. Кинои ҳуҷҷатӣ гоҳо қисми таркибии филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва илмӣ низ мебошад. Масалан, кинохроникаи операторони Германияи фашистӣ, ки бо виқори ваҳшоният месозад. Ҳангоми омодагӣ актёрон интихоб, ангораҳои декоратсия таҳия ва костюмҳо духта мешаванд. Корхонаҳои назди киностудияҳо — сехҳо, реквизит ва мебелро таҳия мекунанд. Ҳангоми сабти кино шуъбаҳои истеҳсоли декоратсияи техникӣ, сехҳои ба наворгирии техники, сабти садо, монтаж ва тоза кардани кинонаворҳо кори зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Мувофиқи мақсад ҷойгир гардидани хонаву толopҳo ва хавлии киностудия, барои таҳияи филмҳо аҳамияти калон дорад. Ќисми зиёди лаҳзаҳои филмбардорӣ дар толорҳои студияи кино мегузаранд. Толорҳои киностудия маъмулан аз 200 то 500 м2 масоҳат ва аз 6 то 25 м баландӣ доранд. Ҳамчунин барои филмбардорӣ дар дохили студияи киноҳавзҳо, майдонҳо, боғҳои махсус ва васоити техникаи сайёр мавҷуданд. Киностудияи филмҳои ҳуҷҷатию хроникавӣ аз чиҳати таркибу сохт ва тачҳизот аз киностудияи филмҳои бадеӣ фарқ дорад. Барои аксбардории филмҳои тасвирӣ дастгоҳҳои махсус истифода мешаванд.

Чор марҳилаи филмбардорӣ: омода сохтани сенария; тайёрии банаворгирӣ, интихоби актёрон, декоратсия, костюм; ҷараёни банаворгирӣ; монтаж ҳама масъулият мехоҳанд. Киностудия шўрои бадеӣ дорад, ки дар он ходимони эҷодӣ иштирок мекунанд.

Машҳуртарин киностудияҳои шўроӣ дар Москва, Ленинград, Киев, Минск, Тбилиси, Тошкент, Рига ва Одесса қарор доштанд. Киностудияҳои «Мосфилм», «Ленфилм» ба номи Горкий ва Довженко бошанд, шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.

Киностудияи «Тоҷикфилм» вироиш

Киностудняи «Тоҷикфилм» бисьёр филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, илмиву оммавӣ, таьлимӣ, киножурналҳо ва филмҳои телевизионӣ таҳия мекунад. Аввалин филми ҳуҷҷатии тоҷик (киномаҷаллаи даврии «Тоҷикистони советӣ») соли 1929 аз тарафи пешвоёни кинои тоҷик В. В. Кузин, А. М. Шевич ва Н. В. Гезулин офарида шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С. 131. ISBN 978-999-47-43-37-7