Фили сиёҳ ба катакҳои дилхоҳи бо салибча ишорашуда гашта метавонад. Фили сафед ба катакҳои бо нуқта ишорашуда гашта метавонад ё пиёдаи сиёҳро гирифта метавонад.

Фил (баъзан номи «афсар» истифода мешавад) — муҳраи шоҳмот мебошад. Дар аввали бозӣ бозингарон дутогӣ фил доранд. Дар аввали бозӣ филҳо дар чунин катакҳо ҷой гирифтаанд: c1, f1 (филҳои сафед) ва c8, f8 (филҳои сиёҳ). Фил ба мавқеи дилхоҳи диагоналӣ гузашта метавонад, ба шарте, ки дар роҳаш ягон муҳраи дигар набошад.

Филҳо танҳо ба катакҳои сафед ё танҳо ба катакҳои сиёҳ гашта метавонад, барои ҳамин филҳоро мувофиқан сафедгард ва сиёҳгард меноманд.

Барои фил нисфи катакҳои тахта дастрас аст, фил аз тӯра, ки вай имконияти гаштан ба ҳамаи катакҳои тахта дорад, камқувваттар аст. Ғайр аз ин, дар тахтаи холӣ тӯра ба чордаҳ катаки тахта ҳамла оварда ё гашта метавонад, фил бошад — аз ҳафт то сенздаҳ катак.

Фил аз рӯи қувааш тақрибан ба асп баробар аст. Дар охири бозӣ бошад, ҳангоми гузаштан ба эндшпил қувваи фил зиёдтар мегардад.