Фирдавс Назримад Толибзода
Фирдавс Назримад Толибзода — бонкдори тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Тоҷикистон таваллуд шудааст, аз рӯи миллат тоҷик.
Донишгоҳи Баҳри Миёназамини Шарқии Ҷумҳурии Туркияи Қибри Шимолиро бо ихтисоси бонкдорӣ ва молия хатм намуда, дараҷаи магистрро дар Донишкадаи Миллии олии сиёсатшиносӣ (Ҷопон) бо ихтисоси идоракунии давлатӣ гирифтааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
вироиш2003-2009 - иқтисодчии категорияи II, иқтисодчии пешбари Раёсати назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон;
2009-2010 - магистратура дар Донишкадаи миллии олии сиёсатшиносӣ, Токио, Ҷопон;
2010-2015 - сариқтисодчӣ, сармутахассис, муовини сардор дар шӯъбаҳои назорати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва бозрасии дуюми Раёсати назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон;
2015-2020 – муовини сардор, сардори шуъбаи таҳлил ва иҷозатномаи Раёсати назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон;
2020-2021 — муовини директори Раёсати назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон;
Аз 18 январи соли 2021 (№ 120) то 17 августи соли 2022 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
17 августи соли 2022 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон No424 муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид;
аз 16 январи соли 2024 - Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Забонҳо: бо забонҳои русӣ, англисӣ ва туркӣ озодона.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.