Фирӯза Алифова
Фирӯза Алифова - сарояндаи маъруфи тоҷик барои услуби вижаи овозхониаш барандаи ҷоизаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон шуд. Аз миёни шашсад ширкатдори озмуни байналмилалии мусиқии "Остона 2006" ӯ дар давраи ниҳоии озмун дар қатори 14 сароянда ба бурдани чунин ҷоиза мушарраф шуд.
Таърихи таваллуд | 12 июл 1980 (44 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Зиндагинома
вироишМактаб интернати ба номи Малика Собирова ва мактаби мусиқии ноҳияи Ғафуровро хатм кардааст. Соли 2000 омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз, бо ихтисоси фортепиано — Академияи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро (ихтисоси сурудҳои халқии ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов) бо ихтисоси овозхони консерт, жанри халқи-вокалӣ. Фирӯза Алифова фаъолияти эҷодиашро аз сурудҳои жанри халқи-вокалии тоҷикӣ оғоз намуда дар якчанд барномаҳои ТВ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баромад намудааст. Сурудҳои ӯ якчанд сол соҳиби диққати ҳаводорони ҷумҳурӣ шудаанд.
Ҷоизаҳо
вироиш- дорандаи ордени Шараф дараҷаи якум.
Оила
вироишПадараш — Шодмон Алифович Алифов, ғижжакнавоз, роҳбари мактаби мусиқии шаҳри Бӯстон, роҳбари оркестри камеравии вилояти Суғд; Модараш — Ҳамроҷон Мамадҷонова.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Пайвандҳо
вироиш- Фирӯза Алифова барандаи ҷоизаи вижаи озмуни "Остона 2006"(пайванди дастнорас)
- Остона 2006 Бойгонӣ шудааст 4 марти 2010 сол.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Ин мақолаи хурд дар бораи мусиқиновози тоҷик аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |