Фирӯз Аҳроров
Фирӯз Аҳроров (20 феврали 1937, ноҳияи Ҳисор — 2 марти 2012, Душанбе) — биолог, доктори илмҳои биология (2002, профессор (2005), дорандаи ҷоизаи ба номи академик Е. Н. Павловскийи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010).
Таърихи таваллуд | 20 феврал 1937 | |
---|---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳисор | |
Таърихи даргузашт | 2 март 2012 (75 сол) | |
Маҳалли даргузашт | Душанбе | |
Фазои илмӣ | биология | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология | |
Унвонҳои илмӣ | профессор | |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1960) | |
Ҷоизаҳо |
|
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети биологияи УДТ (1960). Лаборанти калон (1960-73) — ходими калони илмӣ (1973-76) — мудири шуъбаи гидробиология ва ихтиология (1976—2000)-и Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. И. Павловскийи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент (2002-03) ва профессор кафедраи зоологияи ДМТ (аз 2003). Аҳроров дар Осиёи Марказӣ ягона мутахассис мебошад, ки доир ба фаунаи зериобӣ, ҳамчунин фаунаи баландкӯҳии Помир таҳқиқоти илмӣ кардааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишЗиёда аз 15 тавсияву пешниҳоди Аҳроров дар соҳаи интродуксияи навъҳои нави моҳӣ дар кӯлу обанборҳои Тоҷикистон ва ҳолати экологии моҳиҳои мавзеъҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар истеҳсолот ҷорӣ карда шудаанд. Аҳроров муаллифи 180 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 6 китоби таълимию илмӣ мебошад.
Осор
вироиш- Кайраккумское водохранилище. Д., 1982 (ҳаммуаллиф);
- Гидрофауна и биопродуктивность высокогорных озёр Памира. Д., 2007;
- Водные экосистемы Таджикистана. Д., 2009.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.