Фитри рӯза

(Тағйири масир аз Фитр)

Фитри рӯза, закоти фитр (ар. زكاة الفطر‎) — он чӣ аз садақот, ки рӯзадорон ба рӯзи Иди фитр ба муҳтоҷон бидиҳанд[1].

Дар луғат

вироиш

Закот дар луғати араб ба маънои зиёдат ва нашъу намо ва салоҳу некӯӣ ва сафову покизагӣ ояд ва он чизест, ки аз амволи худ барои покиза намуданаш ихроҷ кунанд. Ва аз маъонии фитр шикофу рахна ва тарк аст, ки дар мавриди рӯза низ ба ҳамин маъност. Ифтор кардани рӯзадор, яъне кушодани даҳонаш ва фориғ шудан аз рузадорӣ[2].

Ва изофа кардани «закот» ба «фитр» бад-ин аст, ки воҷиб гаштани он ба сабаби фориғ шудан аз рӯзадорӣ бувад... Ва закоти фитр дар истилоҳи шаръӣ, садақаест ба сабаби итмом расондани рӯзаи Рамазон,

яъне фитри он воҷиб гардад[3].

Аҳком

вироиш

Закоти фитр бар ҳар мусалмоне, ки дар шабу рӯзи ид, молики як соъ маводи ғизои изофӣ аз хуроки худ ва хонаводааш бошад, воҷиб аст. Барои закоти фитрдиҳанда лозим аст, то закоти фитри худ, ҳамсар ва касонеро, ки нафақаашон бар вай мебошад. Агар чӣ ҷанин дар шиками модараш бошад, низ бипардозад[4]. Ва далели воҷиб буданаш, ривояте аз Абдуллоҳ бин Умар (р) аст, ки фармуд:

Расули Аллоҳ (с) закоти фитрро як соъ хурмо ва ё як соъ ҷав бар барда ва озод, марду зан, кӯчаку бузурги мусалмон, фарз гардонида, ва амр кардаанд, ки пеш аз рафтан ба намози ид, пардохт шавад[5].

Замон

вироиш

Беҳтарин вақти додани закоти фитр, рӯзи ид аст, ки пас аз тулуъи фаҷр ва пеш аз адои намози ид, дода шавад ва тақдими он як рӯз ва ё ду рӯз қабл аз ид, низ ҷоиз аст, зеро, ки Саҳобаи киром чунин кардаанд ва таъхир карданаш то баъд аз намози ид, ҷавоз надорад, ба далели ҳадиси зикр шуда аз Ибни Умар (р)[4]:

Ва амр кардаанд, ки пеш аз рафтан ба намози ид, пардохт шавад

ва низ дар ҳадиси Ибни Аббос (р) омадааст:

Касе, ки баъд аз намози ид, адо кунад, садақае аз садақот мебошад[6].

Миқдор

вироиш

Аз ҳар фард, як соъ аст, ки аз маводи ғизоии инсонҳо бошад, монанди биринҷ, хурмо, гандум ва ғайра, ба далели ҳадиси Абӯсаиди Хузрӣ (р), ки фармуд[4]:

Дар замони Расули Аллоҳ (с) дар рӯзи иди фитр, як соъе аз хурокаро медодем), ва Абӯсаид (р) дар идома фармуд: (ва хурокаи мо, ҷав, кишмиш ва қурут (кишк) ва хурмо буд[7].

Ба чӣ касоне фитр бидиҳанд

вироиш

Садақаи фитр барои гуруҳҳои ҳаштгонае пардохт мешавад, ки закоти мол ба онҳо дода мешавад, садақаи фитр дар ин фармудаи Аллоҳи мутаъол: (садақот барои фуқаро...)[8], низ шомил мебошад[4].

Ҳикмат

вироиш
  1. Пок кардани рӯза аз суханони беҷо ва беҳудааст, ба далели ривояти Ибни Аббос (р), ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) закоти фитрро фарз кард барои покии рӯза аз суханони беҷо ва беҳуда ва барои ғизо додани масокин[9], зеро ки рӯзадор ҳеҷгоҳе аз суханони беҷо ва беҳуда, холӣ нест, бинобарин закоти фитр барои рӯзадор ончиро, ки дар ҳангоми рӯза доштан аз суханони муҳаррам ва макрӯҳ, сар зада, пок месозад ва бидуни тардид, суханони ёдшуда боиси нуқсони савоби аъмолаш мегардад ва ба рӯзаи ӯ осеб ворид мекунад.
  2. Вусъат ва фарохист, бар масокин ва фуқаро ва мустағнӣ гардониндаи онҳост аз зиллату хории гадои ва такаддӣ дар рӯзи ид, ки рӯзи хушӣ ва фарҳат буда, то бо мардум дар ин хушӣ ва шодмонӣ, мушорикат кунанд[4].


  1. Фитри рӯза чист? Маънои вожаи фитри рӯза(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 28 май 2019 санҷида шуд.
  2. Барои иттилоъи бештар бинигаред ба «Лисону-л-ъараб» ва маъоҷими арабии дигар.
  3. Муҳаммадазиз Раҷабӣ. Аҳкоми садақаи фитр, 2014. — С. 4. — 33 с.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 Закоти фитр(тоҷ.). Закоти фитр. Фиқҳи мусаввари ибодот. 29 май 2019 санҷида шуд.
  5. Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим
  6. Ба ривояти Абудовуд
  7. Ба ривояти Бухорӣ
  8. Тавба 60
  9. Ба ривояти Абудовуд