Фитрат
Мулло Қурбон Фитрати Вардонзеҳии Бухороӣ (? — 1888) — аз шоирони маълуми нимаи дуюми садаи XIX буда, ба доираи адабии Бухоро тааллуқ дорад.
Зодгоҳ: | Бухоро |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1888 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишДоир ба соли таваллуд ва тавзеҳоти зиндагии шоир дар сарчашмаҳо маълумоти муфассал дарёфт нагаштааст. Вафоти ӯро ба соли 1888 муқаррар кардаанд. Фитрат охирҳои умр дар яке аз туманҳои хонигарии Бухоро мансаби қозигӣ дошт.
Эҷодиёт
вироишДевони шоир, ки то ба замони мо расидааст, аз ғазалиёт, мухаммасот, рӯбоиёт, фардиёт ва абёти алоҳида иборат аст.
Мавзӯъи асосии эҷодиёти Фитратро тараннуми ишқи поки инсонӣ, нолаву фиғон аз дарди ҳиҷрону фироқи маҳбуба, инчунин сарзаниши нобасомонии замона ва аҳли он ташкил медиҳад:
- Баски дар ҳиммат тиҳидастанд ин беҳосилон,
- Резиши эшон ҳамин дар обрӯи соил аст.
- Аз ғазалиёт
- Зи бас дорам ба каф сарриштаи ошуфтаҳолиро
- Раги хоби парешон кардам тори ниҳолиро.
- Хуморолуда барги токро боли ҳумо донад,
- Набошад афсаре чун ҷом ринди лоуболиро.
- Ба чашми ҳалқаи мотам бувад бе май хати соғар,
- Хаёли қолаби беҷон кунад минои холиро.
- Ҳисори офиятро нест аз афтодагӣ парво,
- Набошад бим зи осеби хазон гулҳои қолиро.
- Дилам гардид нозук дар хаёли рӯйи ӯ Фитрат,
- Майи мо соғари чинӣ кунад ҷоми сафолиро.
- Аз рӯбоиёт
- Эй моҳ лабат ба ангубин мемонад,
- Бо ту сухани кас ба замин мемонад.
- Ин аст сухан, ки бусае эхсон кун,
- Дунё гузарон аст, ҳамин мемонад.
- Эй шух, ки масту саргарон омадаи,
- Ошуби дилу балои чон омадаи.
- З-ин абруву чашмаке, ки дори, ба Худо,
- Сарфитнаи охирӯззамон омадаи.