Фозил Назарӣ
Абулфазли Назарӣ (форсӣ: ابوالفضل نظری) мутахаллис ба Фозили Назарӣ (форсӣ: فاضل نظری) зод. 1 сентябр 1979, Хумейн, Устони Марказӣ) — шоири эронӣ. Яке аз нависандагони пуртирожтарин китобҳои шеърӣ дар Эрон[1].
форсӣ: فاضل نظری | |
Таърихи таваллуд: | 1 сентябр 1979 (45 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, ҳайати илмӣ |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишФозил Назарӣ дар соли 10 шаҳривари 1358 шамсӣ (мутобиқ ба 1 сентябри 1979 мелодӣ) дар шаҳристони Хумийн воқеъ дар ҷануби устони Марказӣ мутаваллид шуд. Таҳсилоти аввалияи худро дар шаҳрҳои Хумайн ва Хонсор гузарондааст.
Эҷод
вироишТокунун аз ин шоъир шаш маҷмӯъаи шеърӣ «Гиряҳои имперотур», «Ақаллият», «Онҳо», «Зидд», «Китоб» ва «Акнун» ба чоп расидааст. Осори ӯ дар бастабандиҳои муҷаззо таҳти унвони «Сегонаи шеърии Фозил Назарӣ» ва «Панҷ дафтар» низ ироъа шудааст. Дар урдибиҳишти 1397 (апрели 2008) ҷашни интишори 500-ҳазорумин нусха аз китобҳои ӯ дар фурӯшгоҳи марказии Нашр сураи меҳр бо ҳузури алоқамандон баргузор шуд.
Аз китоби ӯ ба унвони китоби соли Ҷумҳурии исломӣ дар соли 2008 тақдир шуд, ҳамчунин аз ӯ ба унвони шоири баргузидаи даҳаи 2000 ба интихоби мардум дар ҳафтумин Ҷашнвораи шеъри Фаҷр[2] ва ҳамчунин пурмухотабтарин шоъир бо муаррифии Бунёди адабиёти достонӣ вобаста ба Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ[2] таҷлил ба амал омадааст. Назарӣ ба унвони «Шоъири ҷараёнсоз», дар канори Иброҳим Ҳотамикиё, Наргис Обёр, Муртазо Сарҳангӣ ва Масъуд Наҷобатӣ номзади чеҳраи шохиси ҳунари Инқилоби исломии соли 2014 дар Эрон шуд.[3] Гузидаи бархе осори ӯ дар кишварҳои форсизабон мунташир шудааст.[4] Ҳамчунин, гузидаи ашъори вай дар соли 2013 дар интишороти «Марворид» мунташир шудааст, ки ба чопи ҳаждаҳум расидааст.[5] Панҷумин асари ӯ бо номи «Китоб» бо ҳаждаҳ ҳазор нусха фурӯш дар даҳ рӯз пурфурӯштарин китоби намоишгоҳ дар соли 2016 шуд.
Намунаи ашъор
вироишБа худоҳофизии талхи ту савганд, нашуд,
Ки ту рафтиву дилам сонияе банд нашуд.
Лаби ту меваи мамнӯъ, вале лабҳоям,
Ҳарчи аз тамъи лаби сурхи ту дил канд, нашуд.
Бо чароғе ҳама ҷо гаштаму гаштам дар шаҳр,
Ҳеч кас, ҳеч кас ин ҷо ба ту монанд нашуд.
Ҳар касе дар дили ман ҷойи худашро дорад,
Ҷонишини ту дар ин сина Худованд нашуд.
Хостанд аз ту бигӯянд шабе шоъирҳо,
Оқибат бо қалами шарм навиштанд: Нашуд!
***
Беқарори туаму дар дили тангам гилаҳост,
Оҳ, бетоб шудан одати камҳавсалаҳост.
Ҳамчу акси рухи маҳтоб, ки уфтода ба об,
Дар дилам ҳастиву байни ману ту фосилаҳост.
Осмон бо қафаси танг чи фарқе дорад,
Бол вақте қафаси пар задани чилчилаҳост.
Бе ту ҳар лаҳза маро бими фурӯ рехтан аст,
Мисли шаҳре, ки ба рӯи гусали силсилаҳост.
Боз мепурсамат аз масъалаи дуриву ишқ,
Ва сукути ту ҷавоби ҳамаи масъалаҳост.
***
Ҳам дуо кун гиреҳ аз кори ту бугшояд ишқ
Ҳам дуо кун гиреҳи тоза наяфзояд ишқ
Қаиқe дар талаби мавҷ ба дарё заду рафт
Бояд аз марг натарсид, агар бояд ишқ
Оқибат рози диламро ба лабонаш гуфтам
Шояд ин бӯса ба нафрат бирасад, шояд ишқ
Шамъ равшан шуду парвона ба оташ пайваст
метавон сӯхт агар амр бифармояд ишқ
Пилаи ранҷи ман абрешими пероҳан шуд
Шамъ ҳаққ дошт, ба парвона намеояд ишқ
Эзоҳ
вироиш- ↑ فاضل نظری در صدر پرفروشترین دفتر شعرهای دهه ۹۰ - مشرق نیوز. www.mashreghnews.ir. 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 سایت شعر فجر(форсӣ). جشنواره شعر فجر (27 Январ 2018). 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ iqna ir | خبرگزاری بین المللی قرآن. کاندیداهای جایزه چهره برگزیده سال 93 معرفی شدند(форсӣ). fa (۱۳۹۴/۰۱/۱۸ - ۱۳:۰۲). 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ Behnegarsoft.com. فاضل نظری شاعر محبوبی در افغانستان است | ایبنا(форсӣ). خبرگزاری کتاب ايران (IBNA) (7 май 2018). 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ گزینه اشعار فاضل نظری (رقعی) | فروشگاه انتشارات مروارید. morvarid.pub. 29 августи 2022 санҷида шуд.