Фотима Хонуми Камина (форсӣ: فاطمه خانم کمینه‎; 1841, Шӯша, Вилояти Каспий[d]1898, Шӯша, Elisabethpol Governorate[d]) — шоираи порсигӯи Озарбойҷон.

Фотима Камина
Таърихи таваллуд: 1841
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1898
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Ба форсӣ таҳсил кардааст. Аз наврасӣ ба навиштани шеър рағбат дошт. Ӯ ба форсӣ ва туркӣ шеър навишта, дар доираҳои адабии Қаробоғу Наввоб шуҳрат доштааст. Падараш Оқо Мирзобеги Фано низ бо тахаллуси «Фано» ба форсӣ шеър гуфтааст. Фотима Камина дар Шуша таҳсили илм кард ва ба унвони «Мирзо Фатма-хонум» машҳур буд. Муаллифи «Тазкираи Наввоб» Мирмуҳсини Наввоб теъдоди шеърҳои Фотима Каминаро чаҳорсад адад шумурдааст. Ба қавли ин муаллиф, шоира дар Шуша бевосита дар маҳфили «Маҷлиси хомӯшон» (зери раҳбарии Мир Муҳсини Наввоб) ширкат мекард ва ҳамчунин узви фаъоли маҳфили адабии «Маҷлиси унс» будааст. Камина дар ашъори форсияш бештар ба ғазалу рубоӣ таваҷҷуҳ доштааст. Ғазалҳояш аксар ирфониянд. Ӯ аз эҷодиёти Фузулии Бағдодӣ ва Саййидаъзами Шервонӣ таъсир гирифтааст. Бо шоира Зебохонуми Ардабилӣ мутахаллис ба Лаълӣ мушоира мекардааст.

Намунае аз шеъри ӯ:

То кай, эй сарви равон, бе ту ба рафтор оям,
Карда ёди лаби нӯши ту, ба гуфтор оям.
Гар мисоли қади ту сарв бирӯяд дар боғ,
Сар қадам созаму он ҷо пайи дидор оям.
Гар фурӯшанд ба бозор туро Юсуфвор,
Чун Зулайхо дилу дин дода, харидор оям...

Адабиёт

вироиш