Номзадӣ
(Тағйири масир аз Фотиҳатӯй)
Номзадӣ, фотиҳатӯй, ноншиканон — маросими фотиҳа дар хонаи духтардор баргузор мегардад. Аз ҳарду ҷониб нонҳои равғанӣ фатиру қаламаҳо пухта, дар рӯи дастурхон мегузоранд. Муйсафеди рӯзгордидае баъди дуою фотиҳа нон шикаста, ба рӯйи дастурхон мегузорад. Аз ин рӯ дар баъзе минтақаҳо ин маросимро «ноншиканон» низ меноманд. Дар ин маросим намояндагони тарафи домод ба хонаи духтардор омада баъди хӯрдани зиѐфат қалин ва хароҷоти тӯйи ҳар ду тарафро руйхат намуда, ба падари домод месупоранд.[1][2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Ирфон», 2014, — С. 56
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)