Фради Марғиёнӣ - сарвари шӯриши озодихоҳӣ дар кишвари Марғиён (соли 522 пеш аз милод) бар зидди шоҳи Ҳахоманишиён Дорои I

Порчае аз китоби Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Китоби I вироиш

Халқҳои Осиёи Миёна ҳам барои аз дӯш барандохтани юғи асорати Ҳахоманишиҳо аз ин фурсат истифода намуданд. Порт, Марғиён ва мамлакати сакоиҳо сар бардоштанд (катибаи Бесутун, 6-8). Шӯриш махсусан дар Марғиён вусъати зиёд пайдо кард. Дорои I дар навиштаҷоти Бесутун (катибаи Бесутун, III, 10-12) дар ин бора чунин нақл мекунад: «Доро гӯяд: кишвари Марғиён ба ошӯб омад. Якеро бо номи Фради Марғиёнӣ сардор хонданд. Пас, ман як марди форсро бо номи Додоршиш, банда ва волии ман, ба Бохтар фиристода, ба ӯ гуфтам: «Бирав ва мағлуб соз лашкареро, ки худро на лашкари ман гӯяд». Сипас, Додоршиш бо қӯшун бирафт ва бар сари Марғиёниён битохт. Аҳуро-Маздо ба ман мададгор шуд. Бо марҳамати Аҳуро-Маздо қӯшуни ман лашкари ошӯбгаронро торумор намуд. Рӯзи 23 моҳи ассиядия ҷанг оғоз шуд». Пас аз ин, Доро мегӯяд (навиштаҷоти Бесутун, III, 19-20) «кишвар мутеи ман гардид». Санаи ин навиштаҷот мутобиқи 10 декабри соли 522 пеш аз милод аст ва ин ҳам мисли таърихи шикасти Куруш аз қадимтарин санаҳои аниқ муайянгардидаи таърих ба шумор меравад. Қӯшуни ҳахоманишӣ бо сардории волии Бохтар шӯришро бераҳмона пахш кард, дурусттараш ба хун ғарқ намуд. Тибқи ривояти бобулӣ ва нусхаи оромии навиштаҷоти Бесутун 55 ҳазор кушта ва 6,5 ё 7 ҳазор кас асир гирифта шуд. Пешвои шӯришгарон Фрад аввал раҳоӣ ёфт, вале баъд аскарони ҳахоманишӣ ӯро ҳам дастгир карданд. Шӯришҳои Порт ва кишвари сакоиҳо низ бераҳмона фурӯ нишонда шуд.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 2008, с. 83